Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Дар баробари ин, байтҳои аҷиби ба шакли муроҷиат гуфташуда бисёр вомехӯранд, ки дар онҳо танҳо сурат ё хислати ёр тасвир мешавад:
Қалпок ба сарат, калпоқи заррин ба сарат,
Ин фӯтаи подшоҳӣ ба даври камарат.
Духтар, духтаре, мӯҳои ғул-ғул дорӣ,
Ду қоши сиёҳ, овози булбул дорӣ.
Қадат ба хироҷи мамлакат меарзад,
Қокул ба миёни борикат меларзад.
Нимоли сарат бирешими шаҳри Бухоро,
Ҳусни ту ба монанди гули фасли баҳор.
Дар ин байтҳо аз муҳаббат сухан нарафтааст, вале дар ҳар кадоми онҳо ҳиссиёти дилҳои муҳаббатманзил ифода меёбад. Байтҳои ишқие, ки мазмунашон изҳори муҳаббат буда, ба тарзи нақл гуфта шудаанд, низ ҳамин хусусиятро доранд. Дар онҳо ошиқон аз ҳоли худ орому ботамкин сухан мекунанд, аз воқеае хабар медиҳанд ва ё таассуроти худро баён карда мегузаранд. Дар ин маврид ҳам мавзӯи гуфтор ва объекти таассуроти онҳо дилрабоии ёр ва ҳусну рафтори ӯ қарор гирифта, дар тарзу оҳанги суханони ошиқон муҳаббати софу самимии зоҳир мегардад. Дили ошиқе, ки аз кӯҳи баланд фуромада, барои ёраш гулдаста тайёр карданашро эълон мекунад, саршори муҳаббат аст:
Аз кӯҳи баланд фуромадам пушти мазор,
Як даста гуле кандам барои дилдор.
Шахсе, ки тарқи хоб карда, субҳи барвақт ба тамошои ёр мебарояду аз хона баромадани ӯро интизор шуда менишинад, ишқи пуркувватеро дар дил мепарварад:
Шабнам задасу боди сабо барги хазон,
Аз хонаи пушти чӯ баромад офати ҷон!
Бисёр дилдодагон ба тавассути нақле дар бораи ҳусну ҷамоли ёр муҳаббати худро изҳор мекунанд:
Ман қад-қади сой омадам, реги дурушт,
Холҳои сиёҳи ёрам мана кушт.
Дар қишлоқи мо чӣ хуб як духтаракай,
Қаддаш ба мисоли химчаи ар-аракай.
Кабк аз сари санг омад, тамошо кардам,
Ишқи вая ман дар дилакам ҷо кардам.
Дар нисбишабӣ чароғи равшан духтар,
Дар рӯи замин зебаки гулшан духтар.
Байтҳои зиёде шавқу ҳаяҷони, аз мушоҳидаи ҳусну рафтор ва аз шунидани овозу гуфтори духтарон ва писарони деҳа хосилшударо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё