Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
ифода мекунанд. Ин завқ одатан самими, табиӣ ва босафо буда, аз дилҳои пурорзу ҷараён мезанад ва аз ин назокату таъсири байт вусъат меёбад.
Дар назми халқӣ байтҳо, ки мавзӯашон аз арзи вафову садоқат иборат аст, аз ҷиҳати мазмуни ғоявии худ мавқеи муҳимро ишғол мекунанд. Ин байтҳо ғояи завқи одамӣ ва устуторию матонати ӯро дар варзиши ишқ ва дар кӯи ишқбозӣ зоҳир менамоянд. Дар як қисми онҳо қасамаи сахту маҳкам баён шуда, хислати одамони босидқу вафо акс меёбад:
Ёр, бе ту шабам рӯз нашавад дар дунё,
Бад бошам агар, ҳавораи ман ба худо.
Ин қисм байтҳо меҳру дилбастагиро ба ёр бо суханони нафису обдор ифода мекунанд:
Сузан гиру ришта гиру чашмнома дуз,
То кӯр шавам, пешат бишинам шабу рӯз.
Яке силсила байтҳо орзуи дилдодагонро ифода менамоянд: яке насими баҳор ва рухсораи себи сурхи ёрро орзу мекунад, дигаре орзуе дорад, ки ба «навдаи гул» ҷонашро фидо кунад, сеюмиро майл ба ёраки хандон аст ва монанди инҳо.
Дар изҳори чунин орзу як хислати ҷавонон акс ёфтааст, ки ин ба кам қаноат кардан, аз андаке шод шудан, дар бораи васлу дидори ёр шикастанафсона сухан рондан аст. Ҷавонеро орзу танҳо шунидани овози ёр, ҷавони дигарро як бори дигар дидани ӯ, ҷавони сеюмиро сухане аз лаби ӯ шунидан, чорумиро дар хоб дидани ҷамоли ёр аст:
Дар боғи шумо ниҳоли дулуна бурод,
Кошке овози ҷӯрам аз хона бурод.
Ман аз дунё мисоли Фарҳод гузарам,
Як бор даро, дилбар, ба хоби саҳарам.
Эй беди баланд, баланд бурой чӣ шавад,
Эй хирмани гул, аз дар дарой чӣ шавад!
Маҳдуд будани орзуи ҷавонон ва басо хоксорона зоҳир шудани он фақат ба хислати шахсии онҳо вобастагӣ надорад. Ин маҳдудият натиҷаи ҳамон тартиботе буд, ки дар ҷамъияти феодалини патриархалӣ мавқеи мустаҳкам дошт. Ин тартибот ба бисёр ҷавонони камбағал имконият намедод, ки ақаллан ба ҳамин орзуи ками худ расанд. Дар як қисми калони байтҳо фақат дар ин хусус сухан меравад. Аз бисёр байтҳо дарди дил ва азобу изтироб падид меояд, оҳу нолаи дилҳарош ба гӯш мерасад ва чеҳраҳои маъюсу дардманд, нигоҳҳои ҳазину пурилтиҷоъ ба пеши назар меояд. Калимаҳое, ки мазмуни асосии ин байтҳоро муайян мекунанд, дард, алам, ғам, ғурбат, доғ, нолиш,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё