Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Дар хонаи додот шишти, карсат эълонӣ
То кай ба дари додот равам нолакунун?!
Эй ҷӯраи чун, биё, шинем дар марза,
Аз ҳайбати додомам дилам дар ларза.
Ба шахсони молдори дилнохоҳ дода шудани духтарон дар байтҳо чун фалокати азим маънидод мешавад. Онҳо бо як навъ ноинсофии нафратовар ва бо зӯрию тааддӣ ба амал оварда шудани ин қабил никоҳҳо таъкид менамоянд. Дар як қатор байтҳо ҳам падари духтарфурӯш ва ҳам шавҳари занхар золим ҳитоб мешавад:
Римоли сарат, римоли Ҳиндустунӣ,
Золим падарат давои қабристунӣ.
То мурданама ҳаям ба ёди рӯят,
Хайфи ту ба он золими ҷоҳил шӯят.
Ба шавҳарони номувофиқ, нокас, нопок, ганда барин сифатҳо нисбат ёфта, дили онҳо ба гӯри торик ва худашон ба навдаи хор монанд карда мешаванд:
Қадди ту, санам, аз навдаи гул борик,
Як шӯ дорӣ, дилаш чу гӯри торик...
Умуман ҷудоиро аз ёр дар бисёр байтҳо тасвир мекунанд. Домани васеъ доштани тасвири ин мавзӯъ ба як ҳодисаи дигари хоси ҳаёти мардуми деҳоти Зарафшон алоқаманд аст.
Мардуми кӯҳистони нисбатан дурдасти Мастчоҳу Фалғару Дилиёну Шаҳристон ва деҳаҳои кӯҳии Панҷакент (деҳаҳои Шинг, Моғиён ва Вору, Киштут)-ро ба сабабҳои гуногун мусофирӣ ва ғарибӣ ихтиёр кардан лозим меомад. Меҳнати деҳқонӣ дар шароити сахти кӯҳистон зиндагии мардумро таъмин карда наметавонист ва бисёр мардони кор маҷбур мешуданд, ки роҳи Самарқанду Бухоро, Ӯротеппаю Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои Осиёи Миёнаро пеш гиранд. Дар шаҳрҳо онҳо мардикорӣ ва хизматгорӣ карда, хизмати боғу ҳавлӣ ва киштукори мардумро адо намуда, ба косибон ҳаммолу дастёр шуда, рӯз мегузарониданд ва бозёфти ночизи худро ба таъмини зиндагии аҳли оилаи худ сарф менамуданд.
Ин мардум ба шаҳрҳо қисман барои савдою сатиқ сафар мекарданд. Ҳосили хушки боғот (ғӯлунг, тутмавиз) ва чорво (бузу гӯсфанд) бурда мефурӯхтанд ва аз он ҷойҳо ҳар гуна молҳои косибӣ ва ҳунармандӣ (пояфзол, либос, либосворӣ, асбобу анҷоми хона, олоти хоҷагии деҳқонӣ, асбоби зебу зиннат) ва инчунин керосин, намак, гӯгирд барин чизҳои дар маҳаллаашон камъёбро харид карда, бармегаштанд. Дар ин маврид ҳам мусофират азобу машаққати зиёд дошт, зеро дар шароити дурӣ ва харобии роҳе, ки аз ағбаҳои пурхатар мегузашт, аз як
1 Эълон — овезон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё