Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
манзил ба манзили дигар расидан вақт ва заҳмати зиёд талаб мекард:
Дирас раи мо, диру дарозас раи мо,
Яг ағбаи сахту як барозас раи мо.
Ба замми ин, дар худи шаҳрҳо ҳам рӯзи мусофирон ба осонӣ намегузашт. Онҳо дар шароити барои мусофирони кӯҳистонӣ номусоиди шаҳрҳо мисли ҳамдеҳаҳои аз паи музди коре омадаи худ рӯзҳои душвори ғарибона ба сар мебурданд.
Дар байтҳо тасвири манзараҳои хайру хуш, видоъ, азоби роҳ, марг дар роҳ ва монанди инҳо чун дар рубоиҳо пурраю басеъ нест, вале бо вучуди ин ногувор, даҳшатангез ва кулфатовар будани ин манзараҳо ифодаи ҳаяҷонангезе дорад. Масалан, байти зеринро гирем. Байт лавҳаеро аз ҳаёти гузаштаи камбағалони тоҷик ба пеши назар меорад. Марди меҳнаткаш, ки зоҳиран барои таъмини рӯзгор ихтиёри сафар кардааст, бо дарду алам ва бо кинояи хашмолуд гушнаву ташна баромада рафтани худро қайд мекунад:
Ман мебуравам хоная холӣ карда,
Хокистари оштуна наҳорӣ карда.
Дар байтҳо, чунон ки дар боло гуфтем, азоби зӯре, ки дар роҳи сафар ба сари мусофирон меомад, низ акс ёфтааст. Дар онҳо, аввалан пурхатар будани ин роҳ қайд мешавад:
Мо дар сафарем, роҳи мо пурхатарай,
Мо кафтаракем, хелчаи мо дар камарай.
Баъд, аз чӣ иборат будани ин хатар эзоҳ меёбад. Дар як қатор байтҳо ба душворгузар будан ва дар ағбаҳои баланд воқеъ шудани роҳ, дар натиҷаи зуд дигар шудани обу ҳаво, ки хусусияти иқлими кӯҳҳои баланд аст, аз пеш баромадани мушкилиҳои зиёд ишора мешавад:
Ман ағбара сар кардам — шамолу шуриш,
Умрам битамум гузашт бари радуриш.
Барфак задаст, ағба таноб афтодаст,
Хуни ҷигарам рӯи алоб афтодаст.
Дар байтҳое, ки аҳволи мусофиронро дар мулкҳои бегона акс кардаанд, инчунин аз азобу машаққати тоқатфарсо сухан меравад.
Дар бораи талхии рӯзи ғарибон байтҳо маълумоти дар рубоиҳо вучуд доштаро тасдиқ мекунанд ва вусъат медиҳанд. Аз байтҳо бори дигар мо аз ҳоли ғарибон воқиф мешавем ва вазъияташонро фаҳмида мегирем. Барои онҳо ҳаёти ғарибӣ дарди бедармон ва кулфати бепоён будааст:
Дардеба гирифторам, надорад дармун,
Дар шари ғариби ба кӣ мегум армун?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё