Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ғарибон муттасил аз хусуси дар кӯи бекасӣ ва бенавозӣ зардоб шудани дилашон, зард шудани рангашон, дар бораи сарсахтӣ, оҷизӣ ва бечорагии худ хабар медиҳанд:

Мардум мегун: «Дар дили ту чӣ аламас?»
Зардоби мусофирию гирдоби ғамас.

Як силсила байтҳо аз номи хешу табор ва ёру дӯсти ғарибону мусофиронанд. Мазмуни ҳамаи ин байтҳо инчунин шикоят аз фироқи фарзанд, падар, ака ë ёру шавҳари дурафтода буда, оҳанги онҳо пурташвиш ва изтиробангез аст. Тақдири касе, ки ба ақиби кӯҳҳои баланд гузашта, ба ҷойҳои дуру номаълум сафар мекард, ба ҷойҳое, ки рафтагон на ҳамеша сиҳату саломат бармегаштанд, хешу табори ӯро ба таҳлука наандохта наметавонист. Ин таҳлука ба он сабаб ҳам шиддат мегирифт, ки бисёр вақт аз мусофир хабари марг меомад. Сафар аз огози худ хешу таборро маъюсу безобита кардааст. Ёри (зани) шахси ихтиёри сафаркардае азоби тоқатфарсо доштааст:

Ёрам, ки равон шуд, гирён шудам,
Ба рӯи алоб афтода биръён шудам.

Ёрам, ки бурафт, чашми ҳаросун мундам,
Дӯсто, ба фироқаш зору гирьюн мундам.

Байтҳо дар баробари ин тарзи зиндагӣ, фикру андеша, хасби ҳол ва дарду изтироби заҳматкашон, зимнан муносибати онҳоро ба ин нобаробарӣ ва беҳуқуқӣ ифода мекунанд. Ин муносибат эътирози тезутунд ва хашму ғазаби таскиннаёбандаро дар замир дорад. Агар аз як қатор байтҳо нолаву фиғон ва оҳи сӯзони мазлуму бенавоён ба гӯш расад, аз як силсила байтҳои дигар аз ҷабру ҷафо безор шуда, дар қасди инсофҷӯй афтодани онҳо баён мегардад. Мазлуме худро кӯзаи пурхатар эълон карда мегӯяд:

Аз дасти замуна кузаи пурхатарам,
ЯК кӯзада об тиед, бисӯхтас чигарам.

Ин қабил байтҳо ба замми рубоиҳои пурэътибори зидди зулм ва бисёр сурудҳои дигари халқӣ ҳуҷҷати муҳиманд дар бораи «расидани корд ба устухон»-и бечорагон, яъне лабрез шудани косаи сабри оммаи меҳнаткаш дар ҷамъияте, ки зулму истисмори бераҳмонаи феодалӣ ҳукмрон буд.

Санъатҳои бадеӣ дар байтҳо. Дар ифодаи мундариҷаи ғоявӣ мавқеи санъатҳои гуногуни бадеӣ дар байтҳо хеле васеъ аст. Инро мо ҳатто дар ҳолати як андоза сатҳӣ аз назар гузаронидан ҳам бахубӣ мушоҳида мекунем.

Вазифаи пейзаж дар байт аз он вазифае, ки ин воситаи ифодаи фикр дар рубоӣ дорад, фарқ намекунад. Дар байтҳо низ вақт ва ҷои воқеа нишон дода мешавад, муҳите, ки дар он вокеа

пешина
аз 295
навбатӣ