Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
байтҳои зиёде, аз ҷумла, байтҳои поёнӣ мисол шуда метавонанд, ки дар онҳо шикоят аз душвории расидан ба висоли ёр, орзуи мулоқоти маҳрамона, талаби раҳму шафқат аз ёр равшан баён шудааст.
Себ себи ману соя ба боғи дигарон,
Ёр ёри ману шамъу чароғи дигарон.
Як бори дигар шумора ёбам танҳо,
Дар сояи беду дар шамоли дарёб!
Офтоб задаст, катӣ фуроем тағи бурс,
Ҷононаи қошсиёҳ, ту ҳоли мана пурс.
Портрет дар байтҳо ҳамон вазифаеро адо мекунад, ки дар рубоӣ дорад ва ҳамон хусусиятҳоро дар бар мекунад, ки мо дар рубоиҳо мушоҳида менамоем. Вале мавқеи он дар байт, албатта, маҳдудтар аст. Дар байт танҳо аломатҳои ҷудогонаи сурати одам қайд мешавад ва ё ба ягон ҷиҳати намуди он ишора меравад. Танҳо дар натиҷаи бо завқ ва ҳисси амиқ ифода шудани ин қайду ишора хусусияти портрет дар тасаввури кас муҷассам мегардад.
Портрет дар байтҳо низ мувофиқати назаррабои ҳусну либос ва асбобҳои зебу зиннатро дар бар мекунад. Хусусияти хоси байтҳо аз он иборат аст, ки дар онҳо аксаран фақат тоқӣ, рӯймол, гӯшвор, миёнбанд ва монандӣ инҳо зикр ёфта, дар бораи худи сурати одам ва аломатҳои он сухан намеравад (ба ин хел тафсил ҳаҷми байт имконият намедиҳад), вале аз сифатҳое, ки ба чизҳои номбаршуда нисбат дода мешавад ва ба замми ин аз оҳанги гуфтор ва муносибати сухан дар бораи сурати соҳибони он чизҳо таассуроте ҳосил мегардад. Духтарак ба қалпоку миёнбанди шахси номаълум эътибори махсус дода, сифати хоси онро таъкидан қайд мекунад. Аз оҳанги гуфтори ӯ мо муқаррар менамоем, ки соҳиби қалпоку миёнбанд бо ҳусни худ дили духтарро рабудааст:
Қалпок ба сарат, қалпоки заррин ба сарат,
Ин футаи подшоҳӣ ба даври камарат.
Бо вуҷуди ин байтҳое низ дучор мешаванд, ки дар онҳо ҳам аломати андом, ҳам нишоне аз рафтор ва ҳам пӯшокие зикр меёбад ва ҳамаи ин дар якҷоягӣ оид ба хислату портрети ин ва ё он шахс таассуроти муайян ба амал меоварад. Тоқӣ ба лаби кош гузошта истодани ҷавони бовиқоре ва ҳусни дилрабои ӯ дар тасаввуроти мо аз байти зерин муҷассам мегардад:
Тоқӣ лаби кош истоданат мир борин,
Ман сайди хароб, муҷгуни ту тир борин.
Дар сари шумо якта гули пайвандӣ,
Дардат занадо, иқа чиба механдӣ?!
Дар тасвири сифатҳои андоми одамӣ байни байту рубоӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё