Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
фарқе ба назар намемерасад. Дар байтҳо низ ба қаду рухсор ва чашму дахон асосан ҳамон хислатҳое, ки дар рубоиҳо ба назар мерасад, нисбат дода мешавад. Аз байтҳо низ ба хубӣ равшан мегардад, ки эҷодкунандагони онҳоро чӣ завқе хос аст: онҳо назокат, мавзунӣ, пеҷонӣ, хушрангӣ, тароват, покӣ ва хушбӯиро меписанданд ва аз рӯи ин завқ ба ҳар як ҷиҳати андом сифатеро нисбат медиҳанд: ба қаду қомат мавзунӣ, борикӣ ва раъноӣ; ба кокул ҷило, дарозӣ ва пеҷутоб, ба рӯй сурхиву тароват; ба хол сиёҳӣ:
Ман қад-қади об омадам реги дурушт,
Холҳои сиёҳи ёрам мана кушт.
Ба чашмон хумор, мастӣ, сиёҳию ҷозибанокӣ, ба абрувон сиёҳӣ, пайвастагӣ ё қаҷӣ, ба лаб сурхӣ — ранги лаъл, хандонӣ ва ба дандон рахшонию резагӣ нисбат меёбад.
Ҳусне, ки аз мутаносибии сифатҳои мазкур пайдо мешавад, дар байтҳо бо шавку эҳтирос васф мегардад. Мувофиқати мӯйҳои мавҷдори духтар бо абрувони сиҳат ва овози гӯшнавозаш шӯре дар дилҳо меангезад:
Духтар, духтар, мӯйҳои ғулғул дорӣ,
Ду қоши сиёҳ, овози булбул дорӣ.
Дар зимни манзараи назаррабо: айвони дар ҷои баланду барҳаво воқеъ гардида, ки дар певаш дарахти ҳамешасабзи арча қад рост кардааст, дуд кардани абрувони сиёҳ ва дурахшидани чеҳраи оташгун аҷаб зебоие дорад:
Долони баланд дорию певаш арча,
Ду қоши сиёҳ дорӣ, рӯят лахча.
Ба воситаи рамзҳо ифода карда шудани ғояҳо, мафҳумҳо ва ҳиссиёти мухталиф дар байтҳои халқӣ низ як анъанаи устувор ва равияи махсус қарор гирифтааст.
Манбаи ин рамзҳо табиат ва муҳити зиндагӣ буда, чизҳои конкретие, ки мардум бо онҳо аз қадим сару кор доранд, аз мавзӯи тасвирҳои рамзӣ иборат шудаанд. Як силсила рамзҳо дар байт барои тасвири азоби фироқ, андӯҳу ташвиш, хавфу хатар ва ғайраҳо хизмат мекунанд: ситора, абр, девор, рамзи дурӣ ва ҷудоӣ, шамолу борон — рамзи азоби рӯҳӣ, рег ва хор — рамзи дарду алам, чизҳои шикастаю дарида ва тағйирёфта — рамзи беморӣ, ноумедӣ ва кулфату машаққат аст.
Мафҳумҳои изҳори муҳаббат, орзуи дидор, майл ба висол ва оиладорӣ, ба воситаи ҳодисаҳои зерин изҳор мегардад: сабзондани гул, ниҳол, чидани гул, нишон додан ё ҳадя кардани гул, себ, рӯймолча, ҷуфт шудани дарвоза, растанӣ, кабӯтар, кабк ва монанди инҳо.
Ошиқе ба каси дигар майл доштани маъшуқаашро пай бурда (ё гумонбар шуда), ба изтироб ба ӯ хитобкунон чунин савол ба миён мегузорад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё