Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба тавассути зикри мутобиқати ҳодисаҳо, предметҳо ва мафҳумҳо ифода шудани мақсад дар маънои бисёр байтҳо амиқӣ, барҷастагӣ ва пуррагии таъсирнок ба амал оварда, эҳсосу идроки ҳусни суханро афзун мегардонад.

Дар бисёр байтҳо, дар баробари мутобиқати калимаҳо аз ҷиҳати мундариҷа, мутобиқати комили грамматикӣ ба назар мерасад: ҳар як мисраъ як ҷумлаи мустақил буда, ҳар ду ҷумла, чӣ аз ҷиҳати алоқаи калимаҳо ва чӣ аз ҷиҳати типи калимаҳо ба ҳамдигар бакуллӣ мувофиқат мекунад. Ин хел муттаҳид шудани ду навъ параллелизм: параллелизми синтаксисӣ-морфологӣ ва параллелизми семантикӣ дар композитсияи байт таносиби пурра ба амал оварда, дар айни замон ифодаи маъноро аниқ ва нафис мекунад.

Байтҳое дучор мешаванд, ки дар онҳо ду ё се намуди параллелизм якҷоя меояд. Дар байти зерин мутобиқати ҳам амалкунанда, ҳам тарзи амали ӯ ва ҳам ҳолати чизҳое, ки вазъияташон мавриди муқоиса қарор гирифтаанд, қайд гардидааст:

Ин кабкака бин, нӯл мезанад чархоя,
Ин духтара бин, об мекунад дилхоя.

Аз рӯи ин байт чунин як схемаи муқоисаро пешниҳод кардан мумкин аст: амалкунандагон: кабк — духтар, амал: нӯл задан — об кардан, объекти амал: чарӣ — дил, ҳолати объект: сӯрох шудан — об шудан.

Кабк Духтар
^ ^
| |
Нӯл задан Об кардан
^ ^
| |
Чарӣ Дил
^ ^
| |
Сӯрох шудан Об шудан

Параллелизмҳое, ки унсурҳои муқобилгузорӣ (тазод)-ро дар бар доранд, дар байтҳо ниҳоят кам дучор мешаванд. Танҳо якчанд байт дучор меоянд, ки дар онҳо бар хилофи якдигар сурат гирифтани ду ҳодиса таъкид мешавад: ангур ширин, вале муносибати ёр «талх» аст, яъне ӯ кина гирифтааст:

Ангури сиёҳ худи асал шира гирифт,
Ин дилбари ман чиба ба ман кина гирифт?

Дар ашъори Рӯдакӣ ва ҳатто дар назми замони ӯ дучор омадани ин навъ параллелизми инкорӣ дар тадқиқоти И. С. Брагинский нишон дода шудааст1. Маълум мегардад, ки ин анъанаи қадим дар назми халқ чандон қувват нагирифтааст.

1 И. С. Брагинский дар санъати шеърии Авесто реша доштани ин қабил параллелизмҳоро қайд мекунад. Ниг.: И. С. Брагинский. О мастерстве Рудаки, стр. 401.

пешина
аз 295
навбатӣ