Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
акс менамоянд. Маҳз пуркувват ва устувор будани ин майл барои ин хел сифатҳои гуногунро ифода карда тавонистани ташбеҳҳои маълум мусоидат намудааст.
Бо вуҷуди ин дар байтҳо ташбеҳҳои номашҳур низ зиёд мушоҳида мешаванд, ки аксар диққатенгез ва дилчаспанд. Онҳо бештар дар пейзажу портрет истифода шуда ё умуман тафсил ёфта ва ё тавсифе ба худ гирифта, тасвирҳои барҷастаи бадеӣ ба амал меоваранд. Чунончи, дар байти зерин шабоҳати ҷарамидагӣ ва ҷои баланд — сари кӯҳсор будани бошишгоҳаш ташбеҳро такмил медиҳад ва барҷаста мекунад:
Духтар, духтаре, ман дар ғамат биморам,
Чун қабки рамидаи сари кӯҳсорам.
Дар байти дигар чашмон бо ситора муқоиса шуда, сифатҳои хоси ситора (ситораи дурахшони саҳарӣ) таъкид мешавад ва ба туфайли ин ташбеҳи мӯъҷазе ба миён меояд:
Чашмон дорӣ, ситораи файзи саҳар,
Билло, худи ман ёр намеёбӣ дигар.
Ишорае ба манзара дар байти зерин образи духтареро муҷассам мекунад:
Дар гӯшаи бом нишастаат мисоли кафтар,
Ишқи ману ту имсол мешад дафтар.
Дар баробари ин қабил ташбеҳҳои серистеъмол дар байтҳо ҳар гуна ташбеҳҳои ғайриоддӣ дучор шуда меистанд:
Арзанҷуниба бурумадӣ вақти намоз,
Лабҳота тамошо мекунам — пӯсти пиёз.
Мо сӯзани заргарии байни ду касем,
Оё ба муроди худ расем ё нарасем.
Кадатба мурам, кадат ниҳоли гандум,
Ҳолат чӣ шавад дар ватанон мардум.
Параллелизм низ дар байтҳо аз муҳимтарин воситаҳои ифодаи мақсад аст. Бисёр байтҳо маҳз дар ҳамин санъат бунёд ёфтаанд. ки онҳоро як мисраъ параллелькунанда ва мисраи дигар параллельшаванда аст. Ба тавассути ин санъат сохти байтҳо як навъ рехтагии дилчасп ва устувории томро соҳиб мешавад ва ҳар як тобиши маъно ба диққати шунаванда мерасад ва ба замми ин дар шеър нафосати комилан эҳсосшаванда зоҳир мегардад.
Дар байти зерин лаззати ду чиз: шамоли форами субҳи ба- ҳорӣ ва рухсораи мисли себи сурх зебову дилкаши ёр парал- лел шудааст:
Ҳангуми саҳар боди баҳор мебодам,
Рухсораи себи сурхи ёр мебодам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё