Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АдабиётАфсонаФарҳанг
Аз аввал хондан

АДАБИЁТ

  1. В. Асрори. Намунаи байтҳои халқии замони советии воҳаи Зарафшон. Журн. «Шарқи Сурх», 1952, № 4.
  2. С. Мирсаидов. Байт ҳамчун жанри фолклорӣ. Журн. «Шарқи Сурх», 1964, № 11.
  3. Р. Амонов. Лирикаи халқии тоҷик. Душанбе, 1958.
  4. Фолклори сокинони саргаҳи Зарафшон. Сталинобод, 1960.
  5. Намунаи фолклори диёри Рӯдакӣ. Душанбе, 1963.
  6. Сумане аз ҳар чамане. Душанбе, 1966.

РУБОӢ

Хусусияти жанри рубоӣ. Рубоиҳо ҳанӯз аз замонҳои қадим сар карда, дар ҳаёти маънавии халқ роли фавқулодда калон бозида омадаанд. Дар рубоӣ ҳиссиёту ҳаяҷони оммаи васеи халқ, ки бо таъсири воқеаҳои муҳими рӯзгор ба вуҷуд омадааст, садои дилҳои пурошӯб, ишораҳои нозук ба нуқсоноти ҳаётӣ воқеӣ ва эҳсосоти баланди ҳаётдӯстӣ ва озодипарастии мардум инъикос ёфтааст.

Рубоӣ ба чунин ҷинси назми халқӣ дохил мешавад, ки бо шакли миниатюриашон фарқ мекунанд ва мазмуну мундариҷаи фавқулодда томе доранд. Дар ҳар як рубоӣ ягон гардиши умда ё муҳимтарин лаҳзаи ҳаёти инсон инъикос меёбад. Аз ин рӯ, дар рубоӣ нақши фоҷиаҳои ҳаёт, таассуроти амиқи инсонӣ ва фикру хаёли ӯ мушоҳида мешавад: ҷавондухтари зебову мавзунқомат, ки дар бар либоси оддию камбағалона дорад, шир меҷӯшад. Ҷавони дилдода, ки вуҷудашро ҳаяҷон фаро гирифтааст, баробари дидани ин манзара ба таҳлука меафтад. Дар рафтори ӯ ҳам афсӯсу надомати талх дар хусуси камбағалии духтар ва аз ҳусни баркамоли ӯ ба ваҷд омадани ҷавон, ҳам изтироби пурзӯри ошиқ, — ҳамаи ин ба тавассути образҳои соддаи латифу зебо, дар шакли муроҷиати ошкоро сурат гирифтааст:

Дар пушти кутан шиштай, шир меҷӯшӣ,
Хайфи тани нозукат, шолпарпӯшӣ!
То зинда ҳаям, кимхою атлас гиру пӯш,
Баъд аз сари ман замини додома фурӯш.

Муҳаббати пойдору матин ва шарафу ғурури духтарӣ аз забони ҷавондухтари дилдода дар рубоии зайл ифода ёфтааст:

Дар пушт камону дар миёнат ханҷар,
Бо нозу карашма меравӣ лаб-лаби ҷар.
Рӯ ҷониби ман кардӣ, дил ҷони дигар.
Дар ҳаққи ту мешинам се соли дигар.

Модари бечора аз ғами фироқи писараш, ки дар кишвари бегона умр ба сар мебарад, азоб мекашад ва вазъияти ғамангези худро ба мардум баён мекунад:

пешина
аз 295
навбатӣ