Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Бачам рафтаӣ, дилам ҳароваӣ имрӯз,
Дар ҳар миҷаюм, қатраи овай имрӯз.
Мардум мега: «Хов рав, ховуш бинӣ»,
Эй бехабарон, чӣ ҷои ховай имрӯз?

Дар рубоии дигар шахси камбағал дар хусуси бебаҳотарин боигарии ҳаёт — ба кам қаноат кардан: дар рубоии сеюм садои форами дойра, дар рубоии чорум ҳасаду кина, ҳиссиёти ниқорталабонаи шахси некому бетолеъ ифода ёфтааст. Дар рубоии зерин, ки ҳаёти хушбахтонаи имрӯзаи советӣ васф шудааст, мо нишонаҳои ҳаёти нав, муносибати нави мардумро ба ишқу муҳаббат мебинем:

Ёри мара бин, машинаша мерона,
Рӯмолчаи дастакша меларзона.
Рӯмолчаи дастакша худум духта будым,
Аз минаи шоферо хуш карда будым.

На ҳамаи шеърҳои чормисраъгӣ рубоӣ мебошад. Рубоӣ ҳамчун жанр хусусан ҳамчун жанри махсуси эҷодиёти даҳоникии халқ дорои хусусиятҳои хоси ғоявию бадеӣ мебошад. Ба рубоӣ як силсила образҳои рамзие хос аст, ки барои васеъ ва пурраву барҷаста падид овардани ҷаҳони маънавии инсон хизмат мекунад. Ба ин гурӯҳ рамзҳои психологӣ, истиораву тавсифҳои рамздор ва монанди инҳо дохил мешаванд. Онҳо маъноҳои баланду бикрро ифода намуда, барои тасвири диққатангези манзараҳои табиат ва маишати мардум аҳамияти бағоят бузург пайдо кардаанд.
Ба рубоӣ танҳо мисраъҳои 11—13 ҳиҷоӣ хос аст ва ин жанр банду басти махсуси худро дорад. Ҳамаи дигар шеърҳои чормисраъгӣ ба рубоӣ муносибате надоранд.

МАВЗӮЪ ВА МУНДАРИҶАИ ҒОЯВИИ РУБОИҲО

Дар рубоиҳо оҳангҳои иҷтимоӣ ва маишӣ узван омехтаанд.
Аз ин рӯ, ҳангоми мувофиқи мавзӯъ тасниф кардани рубоӣ бо мавзӯъҳои иҷтимоӣ ва маишӣ тақсим намудани рубоӣ мувофиқи мақсад нест. Аз рӯи масъалаҳои асосии ҷамъиятӣ ва ҳаётӣ, ки рубоиҳо дахл кардаанд, онҳоро ба якчанд гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст, ки ин гурӯҳҳо дар навбати худ боз ба як қатор қисматҳои алоҳида ҷудо мешаванд: 1. Рубоиҳои ишқӣ. 2. Рубоиҳои оид ба никоҳи маҷбурӣ ва камбағалӣ. 3. Ғарибӣ. 4. Дар бораи марг. 5. Оид ба тақдир. 6. Оид ба зулми иҷтимоӣ.
Рубоиҳои ишқӣ. Рубоиҳои ишқӣ аз рӯи қувваи эмоционалии худ ва амиқии тасвири шоиронаи эҳсосоти ниҳонии инсон, фикру андеша ва умеду орзуҳои вай гаронбаҳотарин қисмати лирикаи халқиро ташкил мекунанд. Дар амалиёту гуфтугӯи персонажҳои рубоиҳо муҳаббати ҳақиқии софу беғаш зоҳир мегардад ва тасвири муносибати байниҳамдигарии дилдодагон хеле табиӣ ва самимӣ сурат мегирад.

пешина
аз 295
навбатӣ