Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Нақшҳои драмаҳои халқӣ басо соҳибҳунар буд, — қайд мекунад ӯ, — мана (ӯ дар нақши мансабдори амир ба назди мӯзадӯз омада, аз вай талаб мекунад, ки андозаи пояшро гирифта, барояш бемузд мӯза дӯзад. Ӯ пояшро аз узангу бароварда, ба пеши рӯи мӯзадӯз мебарад. Дар ин лаҳза «асп» нохост тус мешавад, ... ранги раис меканад, ӯ туф карда, боғазаб саллаи калонашро ба тартиб медиҳад ва ёрдамчиҳояшро хуб ҳақорат медиҳад»1.

Аз худ намудани ҳунари масхарабозӣ ҷуз истеъдод саъю кӯшиши зиёд талаб мекард. Барои исботи ин даъво шарҳи ҳоли яке аз масхарабозони моҳир Ҷонов Ҳасаналиро, ки дар ноҳияҳои Кӯлоб шуҳрат дорад, аз назар гузаронидан кофист.

Ҷонов Ҳасаналӣ соли 1897 дар деҳаи Дашти Ёқубии Сариҳосор таваллуд мешавад. Падараш марди қашшоқу бенавое буда, вақте ки синни Ҳасаналӣ ба ҳафт мерасад, вафот мекунад. Баъди ин сардории оиларо бародари калонии Ҳасаналӣ — Мирзораҳим ба зимма мегирад. Мирзораҳим, дар баробари деҳқонӣ, дар вақтҳои аз корҳои деҳқонӣ фориғ гаржидан, яъне айёми зимистон карбосбофӣ ҳам кардааст. Вай ба бародари хурдсоли худ Ҳасаналӣ ин касбро ёд дода, ӯро дар ин кор ба худ шарик карда мегирад.

Ҳасаналӣ аз 16-солагимаш низ ба акааш ҳамроҳӣ карда, ба кори деҳқонӣ машғул мешавад: «Шонздаҳда, ки расидум, юғу испора қапидум» — нақл мекунад Ҳасаналӣ.

Вақте ки дар деҳаи Дашти Ёқубӣ колхоз ташкил мешавад, Ҳасаналӣ яке аз аввалинҳо шуда, ба колхоз дохил мегардад. Соли 1951 аҳолии советии қишлоқи Дашти Шӯро, ки деҳаи Дашти Ёқубӣ тобеи он буд, ба водии Чӯбек (ноҳияи ҳозираи Москва) кӯчида меояд. Ҳасаналӣ низ ҳамроҳи ҳамдеҳагони худ ба ин маҳал муҳоҷир шуда меояд.

Ҳамдиёрони Ҳасаналӣ як бари доманаи кӯҳи Хоҷа Мӯъминро (кӯҳи Намакро) манзил гузида, заминҳои атрофи онро обод намуда, ба деҳаи худ Меҳнатобод ном медиҳанд. Ҳасаналӣ ҳодин оилаи худ дар яке аз кӯчаҳои ин деҳа, ки ба номи Садриддин Айнист, истиқомат мекунад.

Ҳасаналӣ аз хурдӣ ба мусиқӣ ва ҳофизӣ завқ пайдо карда, кӯшиш мекардааст, ки ба ҳар маъракае, ки санъаткорони халқӣ ҳозир бошанд, иштирок намояд. Аммо ин на ҳама вақт ба ӯ муяссар мегардидааст. Дар ин хусус ӯ чунин нақл мекунад:

«Даврае2 буд, дар хонаҳои танг мегузашт, калонсолонро раҳ медоданд, гӯяндаҳоро раҳ медоданд, моро — беҳунаронро намемонданд», Ҳасаналӣ ба ин муносибат байти зеринро ба хотир меоварад.

Беҳунар ҳар ҷо равад, рӯзаш намози дигар аст, Пурҳунар ҳар ҷо, ки бошад, пеши ӯ симу зар аст.

1 Ҳамон асар, саҳ. 14.
2 Давра — яъне маърака, ҷамъомад.

пешина
аз 295
навбатӣ