Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
гон», «нағмачиҳо», «гӯрғулихонҳо», «нақлгӯйҳо», «афсонагӯйҳо», «раққосҳои ҳаваскор ва касбӣ», «аргиштиҳо», «чашмбандҳо», «найрангбозҳо», жонглёрҳо — «косабозу табақбозҳо», «дорбозҳо», «ширинкорҳо» мавҷуд буданд. Театри халқии «зочабозӣ, лӯхтакбозӣ» низ маъмул буд. Масхарабозон, ки пьесачаҳои ҳаҷвию ҳазломезро иҷро мекарданд, шӯҳрати калон доштанд»1.
Дар ҳамаи маҳалҳои тоҷикнишин одамони соҳибҳунаре умр ба сар мебурданд, ки ё танҳо ва ё чанд нафар якҷоя шуда, саҳнаҳои махсуси драмавиро манзур мекарданд. Ин қабил одамонро дар бисёр ҷойҳо «масхарабоз» меномиданд. Ба ин сабаб дар фолклоршиносӣ ва санъатшиносии тоҷик ибораи «театри масхарабозон» ҷорӣ шудааст. Асарҳои сюжетдори саҳнавӣ, ки аз тарафи масхарабозон иҷро карда мешавад, «драмаи халқӣ» ном гирифтааст.
Масхарабозон. Намоишҳои масхарабозон дар таърихи санъати театрии тоинқилобии тоҷик ҳодисаи басо муҳим ба шумор мерафт. Дар ин намоишҳо ҷаҳонбинӣ, таҷрибаи зиндагӣ ва эътирози халқ бар зидди ҷаҳолат, беадолатӣ, зулму истисмор акс меёфт. Намоишҳои масхарабозон мазмунан ҳаётдӯстона, шӯх ва хурсандиовар буданд.
Масхарабозон ба ду табақа ҷудо мешуданд: ҳаваскорон ва онҳое, ки аз паси ин касб нон мехӯрданд, яъне масхарабозони касбӣ. Ҳар ду гурӯҳ хушнуд кардани мардум, ба мардум завқу лаззат бахшиданро вазифаи худ қарор дода буданд. Масхарабозони касбӣ ҳунари худро ба фарзандонашон меомӯзонданд, яъне ин ҳунар аз насл ба насл мегузашт.
Дар гузашта рӯзҳои ид, махсусан иди Наврӯз, тӯй, маъракаҳои гуногуни зиёфат, дар атрофи гулхан, саҳни боғҳо, кӯчаҳои калон, дар ҳалқаи тамошобинони зиёд ҳунарнамоӣ кардани масхарабозон хеле вусъат дошт. Мароқи зиёди мардум ба ҳунари масхарабозон, мутаассир шуда, изҳори завқ кардани тамошобинон ба масхарабозон илҳом бахшида, онҳоро водор менамуд, ки ҳунари худро пайваста такмил диҳанд ва дилчаспу суфта кунанд.
Ҳунари масхарабозон серсоҳа буд. Бисёр масхарабозони номӣ дар баробари дорои ҳунари актёрӣ будан, ҳофиз, мусиқинавоз, ноқил, раққос ва ҳатто акробат буданд, онҳо суруду рақс ва ҳаракатҳои тақлидию акробатикаро бомуваффақият якҷоя карданд. «Бинобар ин унсурҳои мусиқӣ-хореографӣ ва баъзан саҳнаҳои бутун, алалхусус, дар пьесаҳои маишии ҳаҷвӣ мавқеи муҳим ишғол менамуданд. Ғайр аз ин масхарабозон одамони ба тамошобинон шиносро ҳаҷв мекарданд, садои паррандагон ва ҳайвонотро тақлид менамуданд»2.
Санъатшинос Н. Нурҷонов дар бораи Холиқ Бобоев ном масхарабоз, ки дар иҷрои нақши раис ҳунар нишон медодааст,
маълумот додааст. Бобоев дар соҳаи бадеҳатан иҷро кардани
1 Ҳамон асар, саҳ. 102.
2 Н. Нурджанов. Таджикский театр, М., 1968. стр. 14.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо