Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

ФарҳангАдабиётАфсона
Аз аввал хондан

гирад. Соли 1940—1941 дар сохтмони канали стансияи электрикии Варзоб кор карда, бисёр рӯзҳо дар вақтҳои дамгирии коргарон бозиҳои худро намоиш медиҳад. Соли 1956 дар қатори ҳаваскорони беҳтарини Кӯлоб ба Душанбе даъват шуда, дар саҳнаҳои клуб ва театрҳои пойтахт ҳамроҳи ҳамдиёраш Саид Ӯзбак1 якчанд драмаҳои халқиро иҷро менамояд.

Масхарабозон дар вақти бозӣ чизҳои гуногунро истифода менамоянд. Ҳасанали чизҳои зеринро истифода мекунад: никоб-рӯи мӯйсафеди барҷоманда, ки аз матои сафед ва пашм тайёр карда шудааст, риш, мӯйлаб ва абрувон аз пашм ва ё аз шишлаи чуворӣ, чанда, таёқҳо (ба ҷои милтиқ ва ё асо), таксарӣ, лӯлаболиштҳо барои нишон додани шиками дамида ва ё тахтапушти барҷаста, салла аз матои сафед. Ҳамаи ин чизҳоро Ҳасанали дар вақти бозӣ бо худ меорад.

Мундариҷа ва тарзи иҷрои драмаҳои халқӣ. Драмаҳои халқӣ матни тайёру устувор надоштанд. Масхарабозҳо мазмун ва тарзи сохтани онро, ки анъанавӣ буд, аз худ карда, дар вақти иҷрои драма ба вуҷуд меоварданд ва зимнан хислатҳои маълуму анъанавии қаҳрамононро ба эътибор мегирифтанд. Онҳо суханҳои заруриро бадеҳатан ба миён меоварданд, дар иҷрои роли худ эҷодкорона рафтор менамуданд.

Хислатҳои қаҳрамонон, драмаҳо, чун дар афсонаҳои халқӣ типикӣ, анъанавӣ ва устувор буданд: қозӣ — порахӯр ва ноодил, раис — танпарвар, нопок, ҳаромкор, бой — муфтхӯр, баднафс, хасис, фиребгар, мулло — дурӯя, ҳарис, тарсончак, баъзан аҳмак, намояндагони табақаҳои меҳнатии ҷамъият деҳқонон, косибон, меҳмонон ва монанди инҳо меҳнатӣ, софдил, ҷафокаш ва мазлум тасвир мешуданд. Тазоди хислатҳо зиддияти синфӣ ва муборизаи шадиди синфиро дар ҷамъияти феодалӣ ифода мекард. Драмаҳои халқӣ ба ин восита хислатҳои манфури синфҳои истисморкунандаро фош мекарданд. Чунончӣ, дар пьесаи «Қуръонхонӣ» марди деҳқон муллоро бо эҳтироми зиёд ба сари духтари бемораш меоварад. Мулло ӯро хонда, баъд илтимос мекунад, ки хонаро холӣ кунанд. Ӯ дар хонаи хилват ба бемор дастдарозӣ кардаӣ мешавад. Бемор доду фарёд мебардорад, муллоро зада, шарманда карда, пеш мекунанд.

Яке аз драмаҳои халқӣ, ки «Раис» ном дошт, дар бисёр махалҳои тоҷикнишин шӯҳрат пайдо карда буд. Бозори кӯҳна, серғавғо: дӯконҳо, харандагон, фурӯшандаҳо, шаҳрихову деҳотиён тасаввур карда мешавад. Дар драма раис ва ёрдамчии вай амал мекунанд. Раис либосҳои пуркимат дар бар дорад, шикамаш калон (масхарабозе, ки нақши ӯро мебозад, ба рӯи шикамаш болиште ва ба сар саллаи калон бастааст), ба миёнаш қамчин овехтааст.

1 Саид Ӯзбак — ҳофиз, шоир ва масхарабози машҳур аст, ки ҳоло дар ноҳияи Ҳисор истиқомат мекунад.

пешина
аз 295
навбатӣ