Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ёрдамчии ӯ низ хушлибос, саллакалон аст, дар даст таёқ дорад.

Раис аз байни тамошобинон ба худ «асп»-е интихоб мекунад.
Интихобшуда чорпой мешавад, ба болои ӯ матоъ мепартоянд, ӯро лаҷом мекунанд (барои ин пораи арғамчин, латтаи дароз ё канаб истифода мешавад). Ба ду баногӯши ӯ ду тӯппиро тоб дода, мебандад — ин гӯш аст, ба пушташ дум меовезанд. «Асп»
чорпо роҳ рафта, шиҳа мекашад.

Раис «асп»савор ба бозор дохил мешавад, сангу тарозуи фурӯшандагони орду гандуму мавизро тафтиш мекунад, ба сари фурӯшандагон дод мезанад, онҳоро ба мардумфиребӣ гунаҳкор месозад ва аз онҳо пора мегирад.

Дар зимни ин қабил пьесаҳо, ки аҳамияти зиёди иҷтимоӣ доштанд, мардум драмаҳое эҷод карда буданд, ки дар онҳо нуқсонҳои инсонӣ ба зери танқид гирифта мешуданд. Сартароши ҳаромкор сари одамонро бо покуи кунд тарошида, азоб медиҳад (пьесаи «Сартарош»), табиби ноӯҳдабаро дандони дардмандро бо анбӯри калони ноқулай мекунад (пьесаи «Дарди дандон»), пирамарди ришу фаваш сафед ба фарзандаш барин духтари ҷавон изҳори ишқ мекунад, духтар ӯро масхаракунон дар ҳаққаш писхандомез сухан меронад (пьесаи «Бобопирак»).

Н. Нурҷонов драмаҳои халқиро аз рӯи мавзӯяшон ба якчанд гурӯҳ ҷудо мекунад: пьесаҳое, ки шикорро тасвир мекунанд, пьесаҳое, ки ба тасвири воқеаҳои гуногуни рӯзгор, тиҷорат ва зарари дин бахшида шудаанд ва ғайраҳо¹.

Дар мавзӯи шикор пьесае бо номи «Хирсбозӣ» дар бисёр маҳалҳо, дар ноҳияҳои Кӯлоб, Бухоро, Самарқанд, водии Ҳисор маъмул будааст. Ин пьеса шикори хирсро тасвир мекунад: ду сайёд ба ҳам вомехӯранд. Ҳар ду хирс кофта гаштаанд. Яке паи хирсро мебинад. Сайёдон ба воҳима меафтанд. Тарсону ларзон ба якдигар чафс шуда, хирсро нишон медиҳанд. Хирс садо мебарорад.

Сайёдон тарсида мегурезанд. Баъди ором шудани хирс, ба ҷои худ баргашта, хирсро мепарронанд. Хирс меафтад. Омада, пӯсташро мекананд. Дар болои тақсими пӯст ҷанҷол бармехезад. Ҷанҷолкунон пеши қозӣ мераванд. Қозӣ пӯстро гирифта, сайёдонро аз пеши худ ранданӣ мешавад. Сайёдон ба қози дармеафтанд. Қозӣ ноилоҷ пӯстро харида мегирад. Сайёдон пулро баробар тақсим карда, мераванд.

Н. Нурҷонов фарқҳои якчанд нусхаи аз маҳалҳои гуногун навишташудаи ин пьесаро муайян намуда, дар иҷрои масхарабозони гуногун ҳар хел зоҳир гардидани образи қаҳрамонони онро
қайд карда мегузарад. Баъзе нусхаҳо ҳунармандии марди шикориро дар вақти шикор, чолокию матонату рӯҳи онро акс мекунондаанд². Ҷонов Ҳасаналӣ бошад, тарсончакии хандаовари шикорчи-

¹ Ниг. Н. Нурджанов, Таджикский народный театр. стр. 148.
² Ҳамон асар, саҳ. 126—127.

пешина
аз 295
навбатӣ