Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ро намоиш медиҳад. Хирсро дида, ӯро ларза бар андом меафтад, рангу рӯяш меканад, роҳи гурезро пеш мегирад. Сайёҳон танҳо баъди аз по афтодани хирс далер мешаванд. Дар вақти тақсими пӯст онҳо ба ҳам дарафтода, хеле муддат часпочаспӣ мекунанд.

Дар ин пьеса ҳаҷву ҳазл, пеш аз ҳама, ба воситаи ҳаракат ва қиёфаи иҷрокунандагон ба вуҷуд меояд. Муколама бошад бештар барои шарҳ додани сабабҳои амали персонажҳо хизмат мекунад. Ба ҳар як сухане, ки қаҳрамонони пьеса ба забон меоранд, ҳаракате ҳамроҳ мешавад. Ба таври фавқулодда тағйир ёфта истодани қиёфа ва ҳаракатҳои қаҳрамонони пьеса хеле таъсирбахш аст.

Аз асарҳои драмавие, ки ба хоҷагии қишлоқ оиданд, пьесаи «Арзанкорӣ»-ро номбар кардан лозим мешавад. Ин пьеса бо тасвири ҷуфтронӣ шурӯъ мешавад. Деҳқонон суханони хандаовар гуфта, ҳаракатҳои шӯху ҳазломез карда, ба як тарзи ғалатӣ ҷуфт меронанд ва дар ин байни суруд ҳам мехонанд.

Дар вақти ҷуфтронӣ иҷрокунандагони роли деҳқонон камбағал сурудҳоеро ба забон меоранд, ки аз ҳоли мардони бечораву бенаво гувоҳӣ медиҳанд:

Як парча замин дорем, немуш шудгор,
Говони бақаҳр дорем, дил ошиқи зор,
Кай рӯзе шавад, ки бишканад оҳани кор,
Гово бо алаф раван, мо пешаки ёр.

Баъди ба охир расидани ҷуфтронӣ, масхарабозон хаму рост шуда, дастонашонро ба рӯи саҳна молида, чапакуниро тасвир менамоянд.

Дар драмаҳои халқӣ бисёр ҳодисаҳо шартан тасвир мешаванд. Аз рӯи мазмуни драма худи тамошобинон бахубӣ тасаввур мекунанд, ки дар ин ва ё он мавриди чӣ воқеае ба амал меояд. Ба ин минвол, агар аз як тараф, он чизҳое, ки нишон доданашон аз имкон берун аст, дар назари тамошобинон ба ҷилва омада, барои мукаммал шудани намоиш хизмат кунанд, аз тарафи дигар, пешниҳод карда шудани чизи нобуда барои қувват гирифтани ҳазлу ҳаҷв ёрӣ мерасонад. Ҳамин хел арзан, сабзидан ва пухтани он, замини кишт ва бисёр чизҳои дигар дар вақти иҷрои пьеса шартан акс кунонида мешавад.

Ба замини арзан бузголаҳо (бачагон аз байни тамошобинон чорпо шуда) медароянд ва онро «мехӯранду помол мекунанд». Деҳқонон хабардор шуда, «чаъ-чуъ» гӯён бо таёқ зада онҳоро дур мекунанд.

Мавсими дарав мерасад. Деҳқонон ба «дарав кардан»-и арзан машғул мешаванд. Даравкунон «Ман доғ» мехонанд. Вазифаи галаговҳоро низ ҷавонон аз байни тамошобинон интихоб шуда иҷро менамоянд. Баъд деҳқонон арзани кӯфташударо «бод карда», ба тақсим кардани он машғул мегарданд.

Дар ноҳияҳои кӯҳистон, чӣ навъе ки М. Раҳимов қайд кардааст,

пешина
аз 295
навбатӣ