Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Қисми сеюм

ЭҶОДИЁТИ ХАЛҚИИ ЗАМОНИ СОВЕТӢ

Хусусиятҳои эҷодиёти халқии замони советӣ. Фольклори советӣ хусусияти хосе дорад. Эҷодкунандагони фольклори замони советӣ одамони касбии ин соҳаи эҷоди бадеӣ нестанд. Фольклоршиносон дар ин бобат ду истилоҳро ба кор мебаранд. Яке — фольклори советӣ, дигаре — эҷодиёти бадеии халқи советӣ.

Асарҳои фольклори советӣ ҳам даҳанакӣ ва ҳам хаттӣ эҷод карда мешаванд, аммо роҳи паҳншавии онҳо танҳо даҳанакӣ буда, бо ҳамин роҳ хусусияти фольклорро ба худ мегиранд. Ҳар як асари бадеӣ фақат дар он сурат фольклор шуда метавонад, ки агар вай бевосита ба репертуари даҳанакии халқ дохил гардида бошад ва халқ онро бе ихтиёри муаллифи аслиаш истифода барад. Асоси ғоявӣ-эстетикии асарҳои фольклори советӣ идеалҳои пешқадам ва мазмуни зиндагии ҷамъиятии халқ мебошанд.

Баъд аз Революцияи Кабири Социалистии Октябр халқи меҳнаткаш эҷодкори ҳақиқии ҳаёт гардид ва ба ин муносибат дар ӯ табаддулоти бузурги ғоявӣ, эстетикӣ ва ахлоқӣ ба амал омад, масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ як қисми муҳими зиндагии ӯро ташкил карданд. Инкишофи маориф, маданият, илм ва техника симои халқи советиро ба куллӣ тағйир дод. Ҳамаи ин ба эҷодиёти халқии мардуми советӣ таъсири беандозае расонид. Дар натиҷа баъзе жанрҳои анъанавии фольклор, монанди: афсона, эпос ва сурудҳои таърихию маросимӣ мавқеи худро гум карданд.

Фольклори замони советӣ дар асоси анъанаҳои бои эҷодиёти бадеии халқ ба тарзи махсус тараққӣ кард. Аз як тараф, бисёр асарҳои фольклори пешазинқилобӣ дар ҳаёти маънавии халқ мавқеи худро гум накарда бошанд, аз тарафи дигар, мувофиқи талаботи ғоявӣ-эстетикии замони имрӯза ва гӯяндаю шунавандаи муосир дар жанрҳои гуногун асарҳое ба вуҷуд оварда шудаанд, ки мавзӯъҳои ҳаёти ҷамъияти социалистиро

пешина
аз 295
навбатӣ