Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

инъикос менамоянд. Бинобар ин мафҳуми «фолклори советӣ» дигар асту мафҳуми «эҷодиёти бадеии халқи советӣ» дигар аст. Ин ду мафҳумро аз ҳамдигар фарқ кардан лозим аст. Ба фолклори советӣ ҳамон асарҳое дохил мешаванд, ки дар замони советӣ эҷод шудаанд. Ба эҷодиёти бадеии халқи советӣ, яъне ба «репертуари имрӯзаи фолклор» (сарфи назар аз таърихи пайдоишашон) ҳамаи асарҳои бадеие, ки халқ онҳоро мехонад, месарояд ва нақл мекунад, дохил мешаванд (монанди: «Ленин — бародар, раҳнамо» (шеъри С. Вализода), «Духтари нодон будам», «Ёри мастҷоҳӣ» (шеърҳои А. Лоҳутӣ), «Чигӣ, чигӣ», рубоиёти Ванҷ (шеърҳои халқӣ), афсонаи «Робиаи чилгазамӯ», эпоси «Гӯрӯғлӣ» ва ғайра). Ба ҳамин тариқ, фолклори советӣ қисми ҷудонашавандаи эҷодиёти бадеии халқи советӣ ё худ қисме аз репертуари имрӯзаи фолклор ҳисоб мешавад.

Хусусияти хоси фолклори советӣ то андозае бо таъсири адабиёти китобӣ ба вуҷуд омадааст. «Барои он ки, — мегӯяд В. И. Ленин, — санъат ба халқ ва халқ ба санъат наздик шавад, мо бояд аввал савияи маълумоти умумӣ ва маданиро баланд бардорем»1. Ин сухани В. И. Ленин ҳамчун программаи кори амалӣ аз рӯзҳои аввали барпо гардидани Ҳокимияти Советӣ дар ҳаёт татбиқ карда мешавад. Революцияи Октябрь барои тамоман нест кардани бесаводӣ ва баланд бардоштани маданияти халқ ҳамаи шароитҳоро фароҳам овард. Ба ин муносибат дар замони советӣ алоқаи фолклор ва адабиёт хеле васеъ ва пуркувват гардид. Бисёр шеърҳои шоирони советӣ ба репертуари сурудҳои халқӣ даромадаанд ва як қисми онҳо аз тарафи халқ эҷодкорона тағйир дода шудаанд, ки ба ин баъзе шеърҳои А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, М. Раҳимӣ, А. Аминзода, М. Миршакар, А. Деҳотӣ, Б. Раҳимзода ва дигарон мисол шуда метавонанд. Ин навъ алоқаи фолклор ва адабиёт дар замонҳои гузашта низ вуҷуд дошт, вале он дар замони советӣ заминаи тоза ва хусусияти нав пайдо кард. Замина ва хусусияти нави он дар ягонагии ғоявӣ-эстетикии халқ ва санъаткори ҷудогона, дар ягонагии процесси инкишофи маданияти социалистӣ, дар халқияту партиявияти адабиёти реализми социалистӣ ифода гардидааст. Ин алоқа ва хусусияти нави он минбаъд васеъ ва чуқур гардида, ҳам дар адабиёт ва ҳам дар фолклор марҳилаи нави инкишоф хоҳад гашт.

Дар шароити комилан саводноку бомаърифат гардидани халқ ва инкишофи суръатноки адабиёт процесси ҳамкории эҷодии санъаткори ҷудогона ва халқро чунин тасаввур кардан лозим нест, ки акнун халқ фақат асарҳои тайёри адабиётро истифода мебараду худ чизе эҷод намекунад. В. Г. Белинский ҳанӯз дар замони худ гуфта буд, ки ҳар асари бемуаллифи фолклорӣ дар асл аз тарафи касе эҷод карда шудааст. Ин сухани В. Г. Белинский ба ҳамаи асарҳои фолклорӣ дахл дорад. Асари му-

1 В. И. Ленин. О культуре и искусстве, М., 1956, стр. 520.

пешина
аз 295
навбатӣ