Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Мавзӯъҳои ин давра аз тараннуми меҳнат, сулҳ ва ҳаёти хушбахтона иборат мебошанд.

Мундариҷаи ғоявии эҷодиёти халқии замони советии тоҷик. Муборизаҳои революционии халқ барои Ҳокимияти Советӣ, барои социализм шуур ва муносибати нави одамони советиро нисбат ба меҳнат ба вуҷуд меоварданд. Ин ҳодисаи бузурги маънавии таърихӣ дар эҷодиёти бадеии халқ инъикос ёфтааст.

Эҷодиёти халқии замони советӣ ҳамчун адабиёти советӣ марҳилаҳои таърихии ҳаёти ҷамъиятии халқи тоҷикро инъикос кардааст. Дар солҳои Революцияи Бухоро, ҷанги гражданӣ ва мустаҳкамкунии Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон (1917— 1929) фаъолияти эҷодиёти ҳофизон ва гӯяндагони халқӣ низ мавқеъ пайдо мекунад. Юсуф Вафо, Бобоюнус Худойдодзода, Қурбон Чалил, Сайдалӣ Вализода, Ҳомид Саид ва дигарон дар васфи Ленин ва революция, дар бораи озодии меҳнаткашон, Ҳукумати Советӣ, муборизаи халқ бар зидди босмачиёнду душмани давлати советӣ шеъру достонҳо эҷод менамоянд.

Шоири халқӣ Юсуф Вафо, ки ташнаи озодӣ буд, ғалабаи Революцияи Октябрро шунида, омадани «давраи ҳуррият»-ро ба хушнудӣ ва рӯҳбаландӣ чунин тараннум кардааст:

Тахту тоҷи Оқпошо чаппа шуд,
Некалайпошрои бойҳо чаппа шуд.
Даври ҳуррият ба кӯчӣ омадаст,
Аз худи болои боло чаппа шуд.

Юсуф Вафо дар Тошканд, Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна мардикорӣ карда, бо ҳар гуна одамон, аз ҷумла, бо коргарони рус ва мардикорони роҳи оҳан дучор шуда, ба воситаи онҳо аз воқеаҳои замон каму беш хабардор гардидааст.

Ӯ агарчи ҳанӯз моҳияти революцияро чуқур намефаҳмид, вале медонист, ки акнун давраи ҳукмронии бойҳо тамом шуда, давраи озодии камбағалон расидааст ва ин озодиро ҳимоя кардан ва аз даст надодан шарт ва зарур мебошад:

Э бародарҳо, касеро гар бутун аст пою даст,
Дар раҳи озодӣ бояд, ки миёни худ бубаст,
Даври бойҳо шуд тамому рӯи об шуд камбағал,
Дар сари ин золимон бояд кунун чӯмоқ шикаст.

Шоири халқӣ дар ин шеър, агар аз як тараф, меҳнаткашонро ба мудофиаи озодӣ даъват кунад, аз тарафи дигар, фикри ба муқобили унсурҳои боқимондаи ҷамъияти феодалӣ давом додани муборизаро талқин менамояд.

Дар шашяки рӯи замин барпо гардидани ҳокимияти коргару деҳқон, торумор карда шудани асоси зулму истисмор, хушбахтию хушнудии оммаи меҳнаткашон ва ба онҳо ҳаёти нав бахшидани Революцияи Октябрь — ҳамаи ин бо номи В. И. Ленин алоқаманд гардида, ғояи эҷодиёти ҳофизони халқӣ ва фолклори ин давраро ташкил додааст.

пешина
аз 295
навбатӣ