Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Аввалин ғояҳои революсионӣ дар суруду достонҳои Бобоюнус Худойдодзода («Таслим шудани басмачиҳо»), Юсуф Вафо «Ёр-ёр», Сайдалӣ Вализода («Ленин — бародар, раҳнамо»), Абдулло Шоҳзода («Ленин бобо шуд»), дар рубоёти Ҳомид Саид ва дар бисёри шеърҳои муаллифашон номаълуми халқӣ инъикос ёфтаанд. Ин давра давраи ташаккул ёфтани фолклори советӣ буда, дар заминаи анъанаҳои пешқадами фолклори пешазинқилобӣ ва гӯяндагони эҷодиёти халқ инкишоф меёбад.
Сайдалӣ Вализода дар суруди «Ленин — бародар, раҳнамо» мафҳумҳои ғалабаи Революцияи Октябр, ташкил ёфтани ҳокимияти коргару деҳқон ва образи В. И. Ленин — роҳбару доҳии халқҳои меҳнаткашро ба ҳам пайваста, ғояи революцияро барои оммаи деҳқонон соддаю фаҳмо ифода мекунад:
Бар ҳукумати мо офарин,
Дар шашяки рӯи замин,
Кард мулки моро нозанин,
Ленин — бародар, раҳнамо.
Ҳукуматро Ленин зӯр кард,
Золимро аз мулк дур кард,
Мулкро ҳама пурнур кард,
Ленин — бародар, раҳнамо.
Домони ҳиммат барзадаст,
Бунёди зулм аз бех задаст,
Николая барҳам задаст,
Ленин — бародар, раҳнамо.
Ленин ба мо дилдор шуд,
Бар камбағалҳо ёр шуд,
Золим ҳама ҷо хор шуд,
Ленин — бародар, раҳнамо.
Ҳамин гуна ғояи инқилобӣ ва ба амал омадани орзую омоли халқи меҳнаткашро, ки асрҳо боз дар эҷодиёти даҳоникии халқ бо рӯҳияи некбинӣ ифода ёфтааст, Юсуф Вафо дар як ғазали худ низ тараннум мекунад:
Рӯзи озодӣ расид, олам мунаввар, ёр-ёр,
Олами нав равшанӣ додаст саросар, ёр-ёр,
Шӯълаи меҳраш расид дар кулбаи ҳар камбағал,
Рӯзи равшан бинад акнун марди коргар, ёр-ёр,
Байни халқ пастӣ баландиҳо, ки буд, текис шуд,
Ин ҳукумат ҳаммаро кардаст бародар, ёр-ёр,
Рӯи об шуд халқи меҳнаткаш аз қонуни нав,
Қонуни нав додааст Ленин — бародар, ёр-ёр
Мазмуни ин тарона бо таронаҳои аввалини адабиёти ҷавони советии тоҷик ҳамранг буда, дар он революцияро хушу хурсандона пешвоз гирифтани меҳнаткашони тоҷик инъикос ёфтааст.
Дар таронаҳое, ки дар васфи В. И. Ленин суруда шудаанд, пеш аз ҳама, равшан ва муфассалтар тасвир шудани образи доҳӣ, барҷастатар инъикос ёфтани муҳаббати халқ нисбат ба ӯ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо