Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Аз баҳри илму дониш ҳар ҷо кушода мактаб,
Фарзанди камбағалро чун наҳли пурсамард кард.
Вақти шаҳуни золим будан ҷумла нодун,
Акнун шудем дуно, бой ай миён гузар кард.
Шукрун кунем ба Шӯро дода ҳуқуқ ба моюн,
Бой гашта зору гирён хоки сиёҳ ба сар кард.
Биёед, эй батракун, нест кунед ҷумла боюн,
Фарох замину майдун боз ҳам васеътар кард.
Шӯро шудас роҳбар ба камбағал, ба ранҷбар
Аз ин сабаб камбағал дар ҳама ҷо зафар кард.
Ё ин ки Юсуф Вафо чунин мегӯяд:
Ин Ҳукумати Шӯрои моро озод кард,
Қулли камбағалу батрака дилшод кард.
Дар давраи бойҳо набуд озодӣ,
Хоки ҳама бойҳоро бод кард.
Ҳамин тавр, дар ашъори шоирони халқии тоҷик Юсуф Вафо, Бобоюнус Худойдодзода, Ҳомид Саид ва ғайра самараҳои Революсияи Октябр ва ғамхории ба камбағалону бенавоён зоҳир кардани Партияи Коммунистию Ҳукумати Советӣ бо ҳисси баланди миннатдорӣ ва ҳаяҷон тараннум карда мешаванд. Шоирони халқӣ ҳамчун эҷодкунандагони назми нави халқӣ, ҳаёти озоду безулму истисмори халқи худ ва давлати ғамхору фуқаропарвари худро дида ва аз он илҳоми нав гирифта, вайро васф мекунанд ва дар айни ҳол ҳаёти гузаштаи пурмашаққаташонро бо нафрат ба ёд меоранд:
Бой чӯби хадангия шикаст дар сари мо,
Доғу аламаш наравад аз ҷигари мо.
Парда дариду душман бирафт аз сари мо,
Талхӣ бари ӯ шуду ширинӣ барои мо.
Шоири халқӣ Ҷаббор Қайюмов дар шеъри «Омад ба ёд» ҳаёти имрӯза ва гузаштаи халқи тоҷикро бо далелҳои муқобила хеле хуб тасвир кардааст;
Чун будидам рӯи шодӣ, чашми тар омад ба ёд,
Дӯстонам, зиндагии бесамара омад ба ёд.
Олами Пурнур дидам, доғи сина тоза шуд,
Он ҳаёти собиқи пур аз хатар омад ба ёд....
Давраи нави таърихии ҳаёти мамлакати мо, давраи ҷанги гражданӣ сар шуда, талаб мекард, ки тамоми воситаҳо ва қувваҳои мамлакат барои мудофиаи Ҳукумати Совети ҷавон бар зидди тохтутози қӯшунҳои интервенсияи хориҷӣ сафарбар карда шаванд. Халқи меҳнаткаши тоҷик дар атрофи Партия ва Ҳукумати Советӣ зичтар муттаҳид гардида, бо ёрии Армияи Сурх ба муқобили қувваҳои контрреволюсия муборизаи сахт мебурд, ғазаб ва нафрати халқ нисбат ба душманони озодии меҳнаткашон торафт меафзуд, ки ин ҳама дар эҷодиёти даҳанакии халқ ва ашъори ҳофизони халқӣ инъикос ёфтааст.
Шоирони халқӣ, ки ифодакунандаи рӯҳия ва фикру андешаҳои

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо