Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

халқ медонад, ки В. И. Ленин ҳарорати бадани мост, офтоби партавафкани зиндагонии мост. Акнун фарзандони мо ба камол расида истодаанд. Фарзандам ба ман мегӯяд:
— Дар бораи Ленин нақл кун.
Ман ба вай мегӯям:
— Падари ту ниҳоят хушбахт аст, зеро вай бо Ленин дар як вақт зиндагӣ кардааст. Ба ин заминҳо нигоҳ кун, дар замони пеш онҳо аз они бойҳо буданд, мо барои бойҳо ғалла мекоштем. Акнун онҳо барои халқи озоду хушбахт ҳосили фаровон медиҳанд. Ту акнун ба майдони пахта бо дили хуррам назар андоз. Дар замони пеш бойҳо ҳаққи ночизе дода, пахтаи онро аз мо мегирифтанд. Акнун мо заводҳои бисёр дорем, ки аз пахтаи мо матоъҳои гуногун мекунанд.

Ман аз фарзандам мепурсам:
— Он бинои дар маркази деҳа истодаро мебинӣ? Дар он ҷо падари туро мулло бо ҷазои даҳшатнок метарсонд.
Ман ба фарзандам мегӯям:
— Ту ҳеҷ гоҳ ғулом намешавӣ. Ана ин байрақи досу болғадорро бин. Бо ин байрак, ки онро В. И. Ленин ба мо додааст, барои ҳимояи ҳукумати шӯроӣ ҳамроҳ меравем».

Чунон ки аз мазмуни шеър маълум аст, образи В. И. Ленин дар фаҳму шуури халқ на танҳо бо самараҳои ғалабаи Революсияи Октябр таҷассум ёфтааст, балки ҳамчун илҳомбахши муборизаҳои оянда ба воситаи рамзи байрақи досу болғадор низ нақш бастааст.

Ҳамин гуна мазмунҳо ва ғояҳо дар шеърҳои халқии «Ҳофизон дар бораи ӯ месароянд», «Мо номи Ленинро фаромӯш намекунем», «Моён дар олам бисёрем», «Муҷассамаи қарнҳо», «Даҳо тап мезанад», низ ифода шудаанд.

Хулоса, ин гуна суруду таронаҳо далели онанд, ки халқи тоҷик ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ташкил ёфтани Ҳокимияти Советӣ ба доҳии худ меҳру эътиқод баста, образи ӯро дар хотири худ абадӣ гардондааст.

Дар назми халқии солҳои бистум мафҳуми «озодии шӯрои мо» ва «Ҳукумати шӯроӣ» ифодаи мантиқии «Революцияи Октябрь» мебошад, ки ин ду мафҳум ба ҳам зич пайваста буда, ҳам ба васфи революция ва ҳам ба васфи Ҳукумати Советӣ ба кор бурда мешавад.

Аз ғазал, суруд ва рубоиҳои халқӣ, ки дар мавзӯи озодӣ бахшида шудаанд, пайдост, ки халқи заҳматкаши тоҷик Ҳукумати Советиро аз рӯзҳои аввали ташкил ёфтанаш дӯст медорад ва ба он барои ҳаёти озоду хушбахтона аз самими дил миннатдорӣ изҳор менамояд. Масалан, дар ғазали зерин аз Ҳукумати Советӣ беҳад хурсанд будан ва нисбат ба он муҳаббати бепоён доштани халқи тоҷик равшан ифода ёфтааст:

Шӯро ба мисли офтоб ба ранҷбарун назар кард,
Аз хови ҷахлу ғафлат бедор қоргар кард.

пешина
аз 295
навбатӣ