Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
барои ҳосилоти баланд, мусобиқаи социалистӣ ва дар натиҷаи ҳамаи ин осудаҳолона зиндагӣ карданро дар маркази ашъори худ гузоштаанд:
Ҳар кас, ки ба кори ҷамъият бархезад,
Аз меҳнати ӯ нуқраву зар мерезад.
Колхозчӣ агар хоби саҳар партояд,
Доим ба сараш дурру гуҳар мерезад.
Ба таври васеъ ҷорӣ шудани мусобиқаи социалистӣ дар фаъолияти меҳнатии одамони советӣ пешқадамон ва зарбдорони фронти меҳнатро муайян кард, ки онҳо мавзӯъ ва қаҳрамони дӯстдоштаи назми шоиру ҳофизони халқӣ гардиданд. Дар суруди «Байрақи сурх саломат»-и Юсуф Вафо болоравии ҳаракати ватандӯстии советӣ ва ҳисси баланди меҳнатдӯстии колхозчиён тасвир шудааст:
Колхозчиён, ки ҳастем,
Аз баҳри лалмикорӣ
Миёнамона бастем,
Аз баҳри пахтакорӣ.
Дарави гандум омад,
Ударникҳо баромад.
Ёрдам диҳед ба колхоз,
Байрақи сурх саломат.
Дар эҷодиёти шоирони халқӣ мавзӯи озодии занон ва иштироки занон ба корҳои ҷамъиятӣ низ мавқеи намоёнро ишғол кардааст. Шоирони халқӣ акнун дар бораи заноне сухан меронанд ва ҳаёти занонеро тасвир менамоянд, ки онҳо на танҳо аз асорати чандинасраи феодализм озод шудаанд, балки баробари мардон дар сохтмони социалистӣ фаъолона иштирок мекунанд. Озодӣ ва баробарҳуқуқии занон самараи Револютсияи Октябр, натиҷаи сиёсати миллии Партия ва Ҳукумати Советӣ мебошад, ки он ҳамчун ҳодисаи бузурги сиёсӣ ва орзуи деринаи халқ бо ҳаяҷон тараннум карда мешавад. Чунончӣ, Юсуф Вафо мегӯяд:
Шодон шавед, эй ёрон,
Ҳам коргарон, деҳқонон,
Совет додаст озодӣ,
Бар занону духтарон.
Ё ин ки:
Даъват кунаму ба саф биёрам ёра,
Берун шуда бин озодии дунёра,
Дар турма дароварем душманҳора,
Ҳуқуқи туро дуздидагӣ муллора.
Юсуф Вафо ба воситаи ашъори худ ба муқобили ақида ва урфу одатҳои бой-феодалӣ ва таъсири фитнакориҳои душманон, ки нисбат ба занон ҳанӯз қувватнок буд, мубориза мебарад. Вай ҳамчун агитатор баромад карда, қонунҳои советиро ба мардум тарғиб менамояд ва халкро даъват мекунад, ки духтархои

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо