Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
худро зӯран ба шавҳар надиҳанд. Шоир ба худи занҳо муроҷиат карда, мегӯяд: «Шӯят розӣ нашуд, ба мактаб равӣ ту, депутати қишлоқа мегӯм фаҳмона». «Рӯзе, ки талош ба сӯи озодӣ кунӣ, ман аз сари ту фаранчия ғалтонам» ва ҳоказо.
Дар солҳои панҷсолаи якум сохтмони социалистӣ дар баробари тараққиёти саноат ва хоҷагии қишлоқ маданияти миллӣ-шаклу социализмазмуни халқи тоҷик низ инкишоф ёфт. Дар тамоми гӯшаю канорҳои республика мактабҳои маҳви бесаводӣ, мактабҳои ибтидоӣ ва ҳафтсола кушода шуданд, барои саводнок кардани халқ муборизаи сахт мерафт. Шоирони халқӣ ба ин мавзӯъ низ диққати махсус додаанд. Масалан, Юсуф Вафо дар як рубоии худ дар ин хусус чунин гуфтааст:
Раҳмат ба ҳукумат, дари илма кушод,
Ҷоҳилию нодонира ҳам барҳам дод.
Ҳар тоҷикзани нохонда, ки ҳаст,
Аз хона фаранчиша партофта бурод.
Яке аз мавзӯъҳои асосии эҷодиёти индивидуалии халқии солҳои сиюм мавзӯи сохтмони роҳҳои нав ва ободонии шаҳру деҳот мебошад. Мавзӯи сохтмони роҳ дар эҷодиёти шоирони халқӣ барои он бештар мавқеъ гирифтааст, ки пеш аз Революцияи Октябр мардуми тоҷик, хусусан аҳолии районҳои кӯҳии Тоҷикистон, азобу уқубати роҳҳои харобу ноҳамворро бисёр дидаанд.
Иштирокчии сохтмони роҳи байни Мастчоҳу Заҳматобод Юсуф Вафо, ки дар замони пеш мушкилиҳои «роҳи қачу борику барфу жола», «роҳи ларзонпули дарёи Зарафшон», роҳи ағбаҳои даҳшатноки касногузарро аз сар гузарондааст, «кад-кади Зарафшони чуқури шӯҳоб» сохта шудани «роҳи нави машинаравак», «роҳи аҷиби ҳамвор»-ро дида ба ҳаяҷон меояд ва аз ин комёбиҳои сохтмони диёри худ илҳом гирифта бо дили пурҷӯшу хурӯш ба ағба муроҷиаткунон мегӯяд:
Эй ағба, кунун шунав, ки мо ободем,
Он роҳи туро ба барфу борон додем.
Кад-кади Зарафшони чуқуру шӯҳоб,
Роҳи нави мошинаравак бикшодем.
Рубоиҳои зерин низ аз ҳамин гуна дигаргуниҳои азиме, ки дар натиҷаи меҳнату ғайрати ватандӯстонаи мардуми меҳнаткаш дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ба амал омадаанд, ҳикоя мекунанд. Ин рубоиҳо нишон медиҳанд, ки мардуми кӯҳистон ободию дигаргуниҳои диёрашонро аз Ҳукумати Советӣ медонанд ва бинобар ин онҳо аз Ҳукумати Советӣ миннатдор мебошанд:
Аз ағбаи Хушекат наметарсем мо,
Аз ғурриши тармаҳо наметарсем мо,
Роҳҳои каҷу борик намонд дар ағба,
Мошин мебарад ҳар ҷо, агар хоҳем мо.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо