Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Ҷонона, биё, харид кунем аз дӯкон,
Читу ласу рӯмоли шоли арзон,
Меҳнат мекунем, пул мегирем аз колхоз,
Раҳмат ба Ҳукумати Советии моён.
Дӯкона ба пеши хонаҳо овардаст,
Ҳар чӣ, ки ба мо даркор шавад, ҳама ҳаст,
Бозору учор дигар ба мо даркор не,
Аз дӯкони райпо мегирем читу лас.
Таълими умумии маҷбурӣ, кушода шудани мактабҳои ибтидоӣ ва миёна, илмомӯзӣ, муборизаи сахт бо бесаводии оммаи халқ дар ҳаёти халқи тоҷик ҳодисаи бузург, революцияи маданӣ буд, ки ин нашъунамо ва ғалабаи ҳаёти нави советӣ низ аз доираи мавзӯи эҷодиёти даҳаНАКИИ халқи тоҷик берун намондааст:
Ҳукумати мо додай ба мо илму фан,
Хондан доран дар мактабҳо духтару зан,
Духтарҳомон пештар будан дар хона,
Озод шуда доно гаштан аз ҳар фан.
Ҷонунаи ман дар комсомол аъзо шуд,
Дар мактабҳо хонду бисёр доно шуд,
Мактабҳони аз он рӯзе, ки пайдо шуд,
Кӯрҳо ҳама якта-якта бино шуд.
Дар мактаби нав дилбари ман мехонад,
Аз ҳар ҷиҳате илму ҳунар медонад,
Дар мактаби нав хондан аҷаб осонай,
Ҳар кас хунаде илму ҳунар медонад.
Дар мавзӯи ватандӯстии советӣ низ асарҳои бисёр эҷод шудаанд, ки рубоиҳои зер аз қабили онҳоанд:
Дар давраи Николай надоштем мо ватан,
Не хона буду не оғилу не кутан,
Садкат шавем эй Ҳукумати Шӯроӣ,
Додӣ ту замину обу ватан.
Ватани мо ҳаст ҷои бахту озодӣ,
Ҳукумат ба мо додаст ҳуқуқи шодӣ,
Раҳмат ба ҳамин ҳукумати имрӯза,
Ҳар ҷо, ки равӣ, мебинӣ ту ободӣ.
Дар ҳақиқат симои кишвари мо тамоман тағйир ёфт. Шаҳру қишлоқҳои нави социалистӣ бунёд гардиданд. Қишлоқи колхозӣ ба шаҳрҳои социалистӣ наздик шуда, фарқи байни онҳо тадриҷан барҳам хӯрда истодааст. Механиконида шудани хоҷагии қишлоқ, радио ва электриконидани хонаҳои колхозчиён, нақшаҳои нави сохтмонҳои бинокорӣ, каналҳо, роҳҳои васеи асфальтпӯш ва ғайра комёбиҳои бузурги халқи тоҷик мебошанд, ки дар замони Ҳокимияти Советӣ бо роҳбарии Партияи Коммунистӣ ба даст дароварда шудаанд, ки ин ҳақиқати таърихӣ низ дар фолклор инъикос ёфтааст:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо