Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Ин қуввати ҷамъият аҷаб пурзӯрай,
Дастои одамоя бин чун гулай.
Обод шудас шаҳру қишлоқои мо,
Душмани ҳасудбара сараш дар гурай.
Меҳнати эҷодкоронаи халқи советӣ, ки барои иҷрои қарорҳои таърихии съезди XVIII партия равона карда шуда буд, дар соли 1941 дар натиҷаи ба Иттифоқи Советӣ аҳдшиканона ҳуҷум кардани Германияи фашистӣ қатъ гардид. Бо даъвати Партияи Коммунистӣ ва Ҳукумати Советӣ тамоми халқҳои советӣ ба ҷанги озодихоҳии зидди фашистони истилогар бархестанд, ҳамаи қувваҳои моддӣ ва маънавии халқҳои СССР барои мудофиаи Ватани социалистӣ ва торумор намудани душман равона карда шуданд.
Муҳаббати беинтиҳои нисбат ба Ватан доштаи халқи тоҷик ба воситаи эҷодиёти даҳоникиаш ва шеъру достонҳои ҳофизону гӯяндагони халқӣ низ ифода меёфт. Дар он вақт органи КМ партия газетаи «Правда» навишта буд: «Халқҳои республикаҳои советӣ ҳамеша ба корнамоиҳои пуршукӯҳ дар ҷанги Ватанӣ баҳои баланд медоданд, таронаҳои онҳо шоҳиди ин фикр мебошанд. Ҳофизон, оқинҳо ва шоирони халқӣ дар ин бора достонҳои қаҳрамонӣ сароидаанд»1.
Дар шеъру достони Бобоюнус («Ҷавоб ба душман», «Достони Муҳаммадӣ Иброҳимов», «Интиқомгирандагони халқ», «Қувваи мо», «Фронт ва ақибгоҳ»), Ҳикмат Ризо («Ҷанги Ватанӣ»), Саидалӣ, Вализода («Хабар», «Натавонӣ», «Мур ту, асаг», «Марг ба фашизм», «Мактуб», «Мактуби ёр», «Падар ва писар», «Қаҳрамон Саидқул Турдиев», «Достони ҷанги Ватанӣ» ва ғайра), Юсуф Вафо («Ба қаҳрамонони Ватан», рубоиҳо, қитъаҳо ва ҳаҷвияҳо), Қурбон Ҷалил («Мо қаҳрамон») ва дигарон ягонагии маънавӣ-сиёсии халқи тоҷик ва ҳамкорию ҳам-овозии ӯ ба тамоми халқҳои СССР барои мудофиаи Ватан, қаҳрамонию фидокории ҷанговарон дар майдони муҳориба ва дар саҳроҳои колхозӣ, дар заводу фабрикаҳо тасвир шудаанд. Шоирони халқӣ шеърҳои худро бевосита дар байни коргарону колхозчиён ва ҷанговарони Армияи Советӣ хонда ба ҳамин восита ҳамчун агитаторони халқӣ ба кори умумихалқии мубориза ба муқобили фашистони истилогар фаъолона иштирок мекунанд. Масалан, Саидалӣ Вализода дар рӯзҳои аввали ҷанг:
Эй бар шумо, ёрон, хабар:
Сар шуд ҳуҷуми фитнагар,
Бар зидди ӯ бандем камар,
Душман шавад помоли мо...
гуфта, ба халқ муроҷиат кунад, Юсуф Вафо хашму ғазаб ва ҳисси ватандӯстии одамони советиро бо забони оддию содда ба тарзи зерин баён мекунад:
1 «Правда», 29 декабри соли 1941.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо