Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

коллективии фолклорро В. Г. Белинский процесси мураккаб ва дуру дароз шуморида, мегӯяд: «Маълум аст, ки ҳар як асари ҷудогонаи халқ дар ибтидо ба шахси алоҳида мансуб мебо-шад, ки ӯ онро бо таъсири ғуму ғусса ё хурсандии фавран эҷод кардааст, вале... суруд аз даҳон ба даҳон гузашта, ба тағйиро-ти бисёр дучор шудааст»1. В. Г. Белинский дар эҷодиёти ба-деии ҳар як халқ хусусияти хосе мебинад, ки он такрорната-ванда буда, дар хазинаи маданияти умумиинсонӣ гузориши пур-қимот ҳисоб меёбад. Ӯ дар бораи фолклори рус сухан ронда, қайд менамояд, ки дар осори қадимаи эҷодиёти халқи рус рӯҳи бузургу тавонои ин халқро нишон додан мумкин аст.

В. Г. Белинский ба ҳар факти эҷодиёти даҳонии халқ бо назари махсус рафтор мекунад. Ӯ, аз як тараф, ба асарҳое, ки рӯҳияи озодихоҳии деҳқонони ҷабрдидаро ифода намудаанд, баҳои баланд дода, аҳамияти иҷтимоию ҳаётии онҳоро қайд кардааст. Аз тарафи дигар, В. Г. Белинский дар эҷодиёти халқ тасвир шудани ҷиҳатҳои тира, ҷаҳолат, нодонӣ ва хурофоти ҳаёти деҳқононро низ дида тавонистааст.

В. Г. Белинский ба эҷодиёти бадеии халқ хос набудани маз-муну ғояҳои диниро қайд мекунад. Ӯ дар «Мактуб ба Н. В. Го-голь»2 ном асараш арз мекунад, ки хусусияти асосии ақидаи халқи рус нисбат ба дин зид будани он мебошад.

В. Г. Белинский ба сохтакориҳои соҳаи ҷамъоварӣ ва наш-ри асарҳои фолклорӣ муқобил баромада, талаб мекунад, ки ба эҷодиёти бадеии халқ бо ҳисси масъулиятшиносӣ ва ҷавоб-гарӣ наздик шудан лозим аст.

Ӯ аввалин касест, ки эҷодиёти бадеии халқро бо таърихи ҳаёти халқ пайваста таҳлилу таҳқиқ кардааст.

Нуқтаи назари В. Г. Белинский дар бораи эҷодиёти халқ дар муборизаҳои ҷамъиятӣ ва сиёсии солҳои 30—40-уми асри XIX роли бузург бозида, ба инкишофи минбаъдаи кӯшишҳои илмии соҳаи фольклоршиносӣ таъсири калон расонид. Систе-маи назари илмии В. Г. Белинский барои ҳалли проблемаҳои халқият ва эҷодиёти халқ таҳкурсии гардида, диққати А. И. Гер-цен, Н. Г. Чернышевский, Н. А. Добролюбов ва М. Е. Салтыков-Щедринро ба худ ҷалб менамояд.

Н. Г. Чернышевский дар бораи фольклор. Дар системаи эс-тетикаи Н. Г. Чернышевский (1828—1889) проблемаи халқият мавқеи марказиро ишғол менамояд. Ӯ дар корҳои илмии худ масъалаҳои муҳимро оид ба муносибати санъат ба ҳаёт, аҳа-мияти санъат ва адабиёт, ифодаи идеалҳои эстетикаи халқ дар эҷодиёти даҳанакӣ, алоқаи фольклор ва адабиёти бадеӣ ба миён гузошта, ҳал мекунад.

Н. Г. Чернышевский қайд менамояд, ки хусусиятҳои хоси ғоявӣ ва бадеии эҷодиёти халқ танҳо дар ҳамон вақт маълум хо-

1 В. Г. Белинский. Пол. соб. соч. Т. 5, М., 1954, стр. 331.
2 Ниг.: В. Г. Белинский. «Письмо к Н. В. Гоголю». Изб. произв в двух томах, Т. 2, стр. 633—641.

пешина
аз 295
навбатӣ