Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳад шуд, ки агар бо таърих пайваста омӯхта шавад. Н. Г. Чернышевский менависад: «Ҳамаи осори санъате ки ба замони мо, ба тамаддуни имрӯзаи мо тааллуқ надоранд, бечуну чаро талаб мекунанд, ки мо ба ҳамон замон, ба ҳамон тамаддун, ки онҳоро офаридаанд, дахл кунем, бар акси ҳол онҳо ба назари мо номафҳум, ҳайратовар ва безеб менамоянд»1.

Н. Г. Чернышевский дар диссертатсияаш «Муносибатҳои эстетикии санъат бо ҳаёт» (1853) ва дар мақолаш «Сурудҳои халқҳои гуногун» (1854) давраи ибтидоии инкишофи эҷодиёти бадеии халқро муайян намуда, тақдири минбаъдаи онро дар равиши пешрафти тамаддун аз назари тадқиқ мегузаронад. Ӯ тасдиқ мекунад, ки эҷодиёти бадей ва умуман санъат дар заминаи ҳаёти амалӣ ва вобаста ба фаъолияти меҳнатии одамон ба вуҷуд меояд. Ӯ низ қайд мекунад, ки эҷодиёти бадеии халқ инъикоси ҷаҳонбинии давраи «кӯдакӣ»-и ҳаёти халқ мебошад.
Ба ин давра, аз рӯи гуфти Н. Г. Чернышевский, асарҳои эпикие дохил мешаванд, ки дар замони пайдоишашон ҳамаи аъзоёни община зиндагии якранги фикрию ахлоқӣ доштанд, эпос ақлу дониши тамоми коллективро таҷассум мекард. Маҳз барои ҳамин ҳам қаҳрамони асосии эпос коллектив гардидааст.
Халқ ва шахси ҷудогона дар эпос ягона ва аз ҳамдигар ҷудонашаванда мебошанд. Аммо на ҳамаи халқҳо эпоси қаҳрамонӣ доранд. Н. Г. Чернышевский чунин ақида дорад, ки эҷодиёти бадеии халқ дар байни халқҳои далергу зиндагиашон пурҷӯшу хурӯш инкишоф меёбад. Эпоси қаҳрамонӣ дар байни халқҳои озодидӯст, барои истиқлоли худ муборизабаранда тараққӣ кардааст. «Танҳо дар он ҷо,— мегӯяд Н. Г. Чернышевский,— эҷодиёти бадеии бои халқ ба вуҷуд меояд, ки оммаи халқ... аз ҳиссиёти пурқурват ва некхоҳӣ ба ваҷд омадааст, дар он ҷое, ки ба воситаи қувваи халқ ҳодисаҳои бузург рӯй додаанд»2.

Н. Г. Чернышевский дар таърихи фольклоршиносӣ аввалин касест, ки хусусияти синфӣ доштани идеали эстетикии дар эҷодиёти бадеии халқ ифодашударо қайд кардааст. Ӯ қимати фольклорро дар он мебинад, ки эҷодиёти бадеии халқ шуури оммаи халқи меҳнатиро инъикос мекунад, аз ин рӯ ҳамеша дар он хусусияте ҳаст, ки дар санъати синфҳои истисморкунанда нест ва шуда ҳам наметавонад.

Н. А. Добролюбов дар бораи фольклор. Шавқу ҳаваси Н. А.
Добролюбов (1836 — 1861) ба фольклор хеле бармаҳал пайдо шудааст. Ӯ ҳангоми донишҷӯи семинарияи Нижний Новгород буданаш суруд ва зарбулмасалҳоро ҷамъ карда, таҳти унвони «Дар бораи баъзе зарбулмасал ва мақоЛХОИ маҳаллии губернияи Нижний Новгород» мақолае менависад. Якчанд ма-

1 Н. Г. Чернышевский. Пол. собр. соч. в 15 томах, Т. II., М., 1949,
стр. 51.
2 Н. Г. Чернышевский. Песни разных пародов, в кн: «Русская фольклористика» (хрестоматия), М., 1965, стр. 50.

пешина
аз 295
навбатӣ