Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
қолаю қайдҳои аҳамияти илмӣ доштан Н. А. Добролюбов дар солҳои студентии Институти педагогии Петербург буданаш навишта шудаанд. Дар соли 1854 мақолаҳои зерини ӯ навишта шудаанд: «Қайд ва иловаҳо ба маҷмӯаи зарбулмасалҳои русии ҷаноби Буслаев», «Дар бораи хусусиятҳои бадеии эҷодиёти бадеии халқии великорусӣ аз ҷиҳати ибора ва таъбирҳо». Н. А. Добролюбов дар мақолаи «Оид ба дараҷаи мавқъегирии халқият дар инкишофи адабиёти рус» (1858) қайд мекунад, ки сабру тоқат, пассивӣ ва монанди инҳо ба халқ асрҳо ин ҷониб ғуломӣ овардаанд ва маълум мегардад, ки ин ба вазъияти таърихии соҳаҳои ҳаёт вобаста аст. Н. А. Добролюбов ҳам монанди В. Г. Белинский ва Н. Г. Чернышевский ба ҳар факти эҷодиёти халқ муносибати ҷудогона доштанро талаб мекунад. На ҳамаи он чизҳое, ки дар байни халқ тараннум ё нақл карда мешаванд, аз ҷиҳати ғоя ва бадеият як хел қимат доранд. Масалан, Н. А. Добролюбов қайд мекунад, ки дар сурудҳои динӣ ҷаҳонбинии ҳақиқии халқ ба воситаи таъсири манфию бегонаи навиштаҷоти калисо хираю торик шудааст.
Н. А. Добролюбов ба масъалаҳои муносибати адабиёту фольклор хеле диққат медиҳад. Ба ақидаи ӯ халқияти ҳақиқии адабиёт на дар он аст, ки «ибораҳои рехтаи халқӣ»-ро дар бар мекунад ё расму маросими халқиро хеле дуруст инъикос менамояд, барои шоири халқии ҳақиқӣ шудан «рӯҳияи халқро дарк кардан лозим аст». Н. А. Добролюбов аз ҳамин нуқтаи назар ба эҷодиёти нависандагон баҳо дода, асарҳои танқидии худро навиштааст. Масъалаи мавқеи фольклор дар эҷодиёти нависандаро Н. А. Добролюбов аз рӯи мавқеи ғоявии нависанда ҳал кардааст. Ӯ дар тақризи худ оид ба «Кобзарь»-и Т. Г. Шевченко навиштааст: «Ӯ шоири комилан халқӣ аст... Ҳатто А. В. Кольцов ба вай баробар шуда наметавонад, чунки А. В. Кольцов бо тарзи фикрронии худ ва ҳатто бо кӯшиши худ гоҳо аз халқ дур шуда меравад. Баръакс, доираи фикру андеша ва раъи Шевченко бо мазмун ва сохти зиндагии халқ пурмаво фиқат мекунад»1. Ба ҳамин тариқ, фольклор дар асари гении Т. Г. Шевченко «Кобзарь» ҳамчун ифодаи характери миллии халқи украин, ҳамчун инъикоси орзую кӯшишҳои он мавқеъ пайдо кардааст.
Н. А. Добролюбов дар бораи усули омӯзиш ва тарзи навишта гирифтани асарҳои эҷодиёти даҳонии халқ фикру андешаҳои муҳим баён кардааст. Ӯ таъкид намудааст, ки фольклор бе алоқамандӣ бо муҳити пайдоишаш ва мавқею мавриди иҷро карда шуданаш ҷамъ карда ё омӯхта нашавад. Дар тақризи худ ба маҷмӯаи А. Н. Афанасьев «Афсонаҳои халқии рус» Н. А. Добролюбов навиштааст: «Ҳар касе, ки асарҳои эҷодиёти бадеии халқро навишта мегирад ва ҷамъ мекунад, кори хе-.
1 Н. А. Добролюбов. Собр. соч. в трех томах. Т. 3. М., 1952, стр. 536.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё