Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

кошта, месабзонидагӣ шуданд. Ин русум чун истиқболи баҳор, соли нав—Наврӯз қарнҳост, ки давом дорад.

Ин ривоятҳо, ки дар осори адибон, муаррихон ва олимони асри миёна зикр шудаанд, дар бораи таърихи пайдоиш ва ҷашнгирии Наврӯз ба мо маълумот медиҳанд ва муносибату назари аҷдодонамон нисбат ба Наврӯз чӣ гуна будааст, моро огоҳ менамоянд.

Агарчӣ ҷашнгирии Наврӯз ва муносибатҳои нисбат ба он доштаи одамон бо мурури замон, вобаста ба тараққиёти ҷамъият, дар натиҷаи таъсири дини ислом ва ҳукмронии истилогарони аҷнабӣ хеле тағйир ёфта бошад ҳам, ғояи асосии он, яъне ҳамчун иди умумихалқӣ қайд карда шудани он, ки ба пешвози баҳор, оғози киштукор, сари соли нав сурат мегирад, ҳанӯз боқӣ мондааст ва онро чун анъанаи одамони меҳнатӣ, аз ҷумла, тоҷикон бо расму русуми миллии худ ҳар сол бо номи Наврӯз ҷашн мегиранд.

Бояд қайд кард, ки дар ҳамаи маҳалҳои тоҷикнишини Осиёи Миёна расму русумҳои оиди ҷашни Наврӯз як хел набудаанд. Масалан, дар Ғарму Дарвоз мардум дар арафаи Наврӯз бо хоки сафед ё оҳак хонаҳои худро сафед мекардаанд, дар девори хонаҳо нақши ҳар гуна гулҳоро мекашидаанд, дар зарфе ё ҷое гандум ё ҷавро месабзонидаанд, аз он суманак мепухтаанд ва сабзаи гандумро бо зарфаш дар рӯи хони наврӯзӣ мегузоштаанд.

Дар музофотҳои Ҳисор, Қаротегин, Кӯлоб ва дигар ҷойҳо мардум бегоҳии чоршанбеи охири сол дар майдончаҳо, чорраҳаҳо, ҷойҳои ҳамвор гулхан карда, пиру ҷавон аз болои оташ себорӣ меҷахидаанд ва ҳангоми ҷажидан «ранҷурию зардии ман аз ту, сурхию хуррамии ту аз ман» гуфта кӯзаи холӣ ва ё зарфи сафолиеро ба оташ партофта мешикастаанд. Вақте ки ба хонаашон бармегаштаанд, ба паси худ нигоҳ намекардаанд.

Дар ҳар ҷо маросими гулхан карда аз болои он ҷажидан ном доштааст. Чунончӣ, ин маросимро дар Қаротегину Мастчоҳ «Чоршанбеи охирон» ва ё «Чоршанбеи сурук», дар Хуҷанд, дар Косон (вилояти Андиҷон) «Сафаркоҷди» меномидаанд. Тоҷикони Косон дар кӯчаҳои калон гулхан карда «алас-алас, аз кулли бало халос» гуфта аз болои оташ меҷахидаанд.

Ин расму оини қадимӣ бо мақсади халосӣ аз нопоқию зиён, дарду иллатҳои дар соли гузашта часпида иҷро карда мешавад.

Дар Бухоро ва Самарқанд ва дигар маҳалҳои тоҷикнишин дар арафаи Наврӯз бахшида ба духтарон маросими махсус ташкил мешудааст, ки он «бахткушоён» ном доштааст.

Дар Бухоро низ чунин расму одат ҳаст: пас аз оташафрӯзии хокистари гулханҳо духтари бахташбаста дар таги девор мерехтааст, баъд аз он вай ба назди дарвозаи ҳавлии худ омада, дарро мекуфтааст ва аз дарун овозеро мешунидааст, ки он мегуфтааст:

пешина
аз 295
навбатӣ