Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АдабиётАфсонаФарҳанг
Аз аввал хондан

— Дарро кӣ мезанад?
Духтар ҷавоб медидааст:
— Манам.
— Аз куҷо омадӣ?
— Аз арӯсӣ.
— Бо худ чӣ овардӣ?
— Тандурустӣ.
Пас аз ин расму одат, ки дар арафаи Наврӯз иҷро карда мешудааст, соли навро пешвоз мегирифтаанд.

Дар аксарияти маҳалҳои тоҷикнишини Осиёи Миёна одате ҷорӣ будааст, ки дар арафаи Наврӯз муллоҳо ва баъзе одамони босавод, ки табъи шоирӣ доштаанд, бо номи «Идӣ» ва ё «Ҳафтсалом» ба ҷавонон шеъре навишта медидаанд ва ба ивазаш ягон чиз (хӯрокворӣ ё пул) мегирифтаанд. Мазмуни «Идиҳо» бештар динӣ будааст ва қисман мадҳи баҳор ва Наврӯзро доштааст. «Идиҳо»-ро дар зардолуоб тар карда, ҳамаи аҳли оила аз як коса менӯшидаанд. Дар ин расму одат ақидае ифода гардидааст, ки мувофиқи он шахси ин расму одатро баҷо оварда аз ҳар гуна зиён ва иллат эмин мемондааст.

Ба истиқболи Наврӯз рӯбучин мекардаанд, занҳову духтарон худро оро медиҳанд, мардон, ҷавонон, кӯдакон либосҳои нав мепӯшидаанд. Мардум зарфҳоро аз оби борон пур карда, менӯшидаанд ва худро бо он мешустаанд. Духтарон бо сари луч дар зери борон истода суруд мехондаанд:

Борони ҳамал,
Ба мӯям амал,
Мӯям дароз кун,
Дарозу соз кун...

Дар Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Ҳисор, Кӯлоб, Қаротегину Дарвоз, Бадахшон ва маҳалҳои дигар мардум дар арафаи Наврӯз ба якдигар гулоб пошида, шербату ширинӣ мечашонидаанд, кӯшиш мекардаанд, ки хони наврӯзиашон пурнеъмат ва аҳли хонавода пурҳаловат бошад. Дар ин рӯзҳо дар хона ягон чизи сиёҳрангро пеши назар намегузоштаанд. Дар назди дари хона ва ё дар рӯи ҳавлӣ гӯсфанд, буз ё хурӯси сафедро баста мемондаанд. Бо ин воситаҳо дар соли нав сафедбахтӣ, рӯзи сафед, равшанӣ, хурсандию саломатӣ, равшанию некӣ орзу мекардаанд.

Дар Осиёи Миёна якчанд сайргоҳи машҳур ва бузурге вуҷуд доштааст. Яке дар Бухоро буд, ки С. Айнӣ онро дар «Ёддоштҳо»-и худ тасвир кардааст. Сайри Наврӯз, ки бо номи «Иди сари сол» дар Хуҷанд ташкил мешудааст, низ хеле бошӯкӯҳу серодам мегузаштааст ва даҳ рӯз давом мекардааст. Ба муносибати ин ид мардум ба соҳили дарёи Сир мебаромаданд, баққолу баззозҳо дар он ҷо дӯконҳо месохтаанд, ҷойхонаву ошхонаҳо кӯчида мерафтаанд, косибону ҳунармандон моли худро ба фурӯш мебаровардаанд; як тараф дорбозӣ, як

пешина
аз 295
навбатӣ