Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

— Чӣ овардӣ?
— Уштури қатор.
— Бори уштурат чист?
— Баракати Зебаку Ишкошим.
Мард ба хона даромада:
— Шогуни баҳор муборак! — мегуфтаасту ҳамаи аҳли хонаводаашро муборакбод мекардааст.
— Ба рӯи шумо муборак шавад, — гӯён зану фарзандонаш ва дигар аҳли хонаводааш ҷавоб мегардонидаанд. Зан як мушт орд гирифта, ба кифти рости мард мепошидааст. Пас аз ин маросим аҳли оила ба хӯрдани таом шурӯъ мекардаанд.
Мардуми Помир ба воситаи он расму одат орзу мекардаанд, ки дар соли нав маҳалҳояшон монанди Зебаку Ишкошим серғаллаю пурнеъмат шавад, пои қадами Наврӯз ҳамчун орд сафед бошад, шодию хурсандӣ биёрад.
Ба ҳамин тариқ, маросими пешвозгирии Наврӯз ва тарзи гузаронидани он дар ноҳияҳои Тоҷикистон бо истиқболи баҳор, меҳнат, киштукор, фаровонии ҳосилоти деҳқонӣ, омоли деҳқонон зич алоқаманд буда, ҳамчун ҷашни умумихалқӣ дар ҳаёти маънавии мардуми мо мавқеи муайяне ишғол намудааст.
Дар бораи Наврӯз, ки ҳоло бо қарори КМ Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва Ҳукумати РСС Тоҷикистон ҳар сол 21—22 март дар тамоми гӯшаю канори республикаи офтобиамон бо тантана ҷашн гирифта мешавад, шоирони замонҳои гузашта ва ҳозира бисёр шеъру сурудҳо эҷод кардаанд. Дар баробари ин дар фолклор ҳам асарҳои зиёде дар шакли байт, дубайтию рубоӣ, ғазал, ашула ва мухаммасу мураббаъ эҷодшудаи халқӣ дучор меоянд, ки дар онҳо Наврӯз ҳамчун рамзи оғози нек, зебоӣ, сабзу хуррамӣ ва пурдамию зиндадилӣ васф карда мешавад. Чунончи:

Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад,
Булбул ба тамошои дафу чанг баромад.
Мурғони ҳаво ҷумла бикарданд парвоз,
Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.

Наврӯз расиду шоду хуррам гаштем,
Аз рафтани дай ҷумла беғам гаштем,
Дидему чашидем ба сад меҳнату ғам,
Охир ба гули баҳор ҳамдам гаштем.

Наврӯз шуду омад ба таманно гули раъно,
Пӯшида ба бар хилъати зебо гули раъно.
Дар мавсими гул бодаи рангин чӣ хуш омад,
Дар соғари зар рехт ба саҳбо гули раъно.

Ман рӯи туро бинаму Наврӯз кунам,
Шабро ба сари санги сиёҳ рӯз кунам.
Шабум ба сари санги сиёҳ рӯз нашуд,
Чонакма фидои ёри дилсӯз кунам.

пешина
аз 295
навбатӣ