Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АдабиётАфсонаФарҳанг
Аз аввал хондан

Инчунин сангпуштеро ба пояш ресмон баста, ба об мепартофтаанду дар мех ё дарахт баста мемондаанд. Танҳо баъди боридани борон сангпуштро раҳо медодаанд. Гӯё бо талаби сангпушт борон меборидааст.

Суруди «Сусхотун» вариантҳои гуногун дорад, ки матни зерин низ аз ҷумлаи онҳост:

Борон борон, сусхотун,
Борон равон, сусхотун,
Гандумако ташна мондай,
Гудакако гӯшна мондай,
Алафако сӯзон шидай,
Бузголако ҳайрон шидай,
Борон борон, сусхотун,
Борон равон, сусхотун.

Маросими дарав ва хирманкӯбӣ. Дарав ва хирманкӯбӣ маросими тобистонӣ буда, ба ғунучини ҳосилот вобастагӣ дорад. Маълум аст, ки дар замони феодализм дарави гандум ва кӯфтани он яке аз марҳилаҳои душворитарини процесси корҳои хоҷагии қишлоқ ҳисоб мешуд, ки онро бе дастҷамъии ҳамдигар ва ҳашар анҷом додан мумкин набуд. Бинобар ин маросими дарав ва хирманкӯбӣ дар бисёр маҳалҳо ба ҳукми анъана даромадааст.

Даравгарон ва ҳашарчиён ба сароидану нақл кардани асарҳои халқӣ машғул мешуданд, ки низ ба сабук ва осон шудани меҳнати онҳо ёрӣ мерасонид, Илова бар ин сароидану нақл кардани асарҳои халқӣ одамонро рӯҳбаланду ғайратманд карда, ба онҳо завқи эстетикӣ мебахшид.

Яке аз сурудҳое, ки дар давоми дарав иҷро карда мешудааст, «Ман доғ» мебошад. Ин суруд ҳам коллективона ва ҳам дар танҳоӣ хонда мешудааст. «Ман доғ»-и коллективӣ одатан вақтҳои ҳашар хонда мешудааст ва дар хондани он бештар шахсони хушовоз иштирок мекардаанд. Аз байни онҳо як нафар мегуфтааст:

Ҳе, алло, ёре, ман доғам, ё дӯст!
Мандоғгӯйҳои дигар ба ӯ ҳамроҳ шуда мегуфтаанд:
Ҳе, алло, ҳе, алло, ёре, ман доғам ё дӯст!...
Саркардаи суруд мегуфтааст:
Гандумаки худрӯй дарав мекардуме,
ман доғам, ё дӯст!
Д и г а р о н:
Ҳе, алло, ёре, ман доғам, ё дӯст!...
Саркардаи суруд:
Ба холи сиёҳи ёр ҳавас мекардуме,
ман доғам, ё дӯст!
Д и г а р о н:
Ҳе, алло, ҳе, алло, ёре, ман доғам, ё дӯст!
Саркардаи суруд:
Ин беди баланд саргаҳаш корхонае,
ман доғам, ё дӯст!
Д и г а р о н:
Ҳе, алло, ёре, ман доғам, ё дӯст.

пешина
аз 295
навбатӣ