Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
-кормандро аз ҳодисаҳои нохуш ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ суғурта намояд;
-
ба корманд тибқи тартиби пешбининамудаи КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатӣ диҳад;
-
ҳифз ва ба бойгонии давлатӣ супоридани ҳуҷҷатҳоро, ки фаъолияти меҳнатии кормандонро тасдиқ мекунанд ва маълумот дар бораи нигоҳ доштан ва гузаронидани маблағро ба таъминоти нафақа таъмин намояд;
-
дар бораи меҳнати зарарнок (махсусан зарарнок), шароитҳои хавфноки меҳнатӣ ва эҳтимолияти бемориҳои касбӣ ба корманд хабар расонад;
-
оид ба рафъи хавф дар ҷойи кор ва дар равандҳои технологӣ чораҳо андешида, бо назардошти пешравии илмию техникӣ ва истеҳсолӣ корҳои пешгирикунанда гузаронад;
-
вақти кор, аз ҷумла изофакорӣ, меҳнати зарарнок (махсусан зарарнок), шароитҳои хавфноки меҳнат, корҳои вазнинро, ки ҳар як корманд иҷро менамояд, дақиқ ба ҳисоб гирад;
-
таҷрибаомӯзӣ, тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси кормандонро тибқи КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
-
зарари ба ҳаёт ва саломатии корманд ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ расидаро тибқи КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намояд;
-
ба таъсиси иттифоқи касаба ва дигар мақомоти намояндагии кормандон мамоният накунад;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё