Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  • шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори давлатӣ
    дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, намояндагони кормандон, нозирони ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи меҳнатро барои
    гузаронидани санҷиши ҳолати бехатарӣ, шароит ва ҳифзи
    меҳнат дар ташкилотҳо, риояи КМ ҶТ ва дигар санадҳои
    меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои
    тафтишоти ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ бемамониат роҳ диҳад;

  • пешбурди маҳзани маълумоти кормандонро таъмин
    намояд;

  • ба бархӯрди манфиатҳо, ки КМ ҶТ ва дигар
    санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ
    кардаанд, роҳ надиҳад;

  • дигар уҳдадориҳоро, ки КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, иҷро намояд.

Корфармо инчунин вазифаҳои дигареро, ки қонунгузории меҳнат дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои меъёрҳои ҳуқуқи меҳнат, шартномаҳои коллективӣ, созишномаҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии локалӣ ва шартномаҳои меҳнатӣ пешбинӣ мекунанд, иҷро менамояд.

Асоси ба миён омадан, тағйир ёфтан ва қатъи муносибатҳои меҳнатӣ шартномаи меҳнатӣ мебошад.
Мутаносибан, муносибатҳои меҳнатӣ аз шартномаи меҳнатӣ ҳамчун амали ҳуқуқӣ бармеоянд, яъне ихтиёрию озоди корманд ва корфармо, ки шартномаи (қарордоди) меҳнатиро бастааст ин муносибатро ба миён меорад.

пешина
аз 496
навбатӣ