Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Асоси пайдоиши муносибатҳои меҳнатӣ наметавонанд ҳодисаҳо, ҳуқуқвайронкуниҳо ва ягон санади ягонаи маъмурӣ бошанд. Ин шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ буда, дар механизми танзими ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ нақши муҳимтаринро иҷро менамояд ва барои пайдоиш, тағйир ва бекор кардани онҳо ҳамчун асос хизмат мекунад. Аммо, дар баъзе ҳолатҳо, вобаста ба хусусияти кори гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон қонун тартиби махсуси пайдоиши муносибатҳои меҳнатиро пешбинӣ менамояд. Дар КМ ҶТ инчунин дар дигар санадҳои ҳуқуқӣ нишон дода шудааст, ки онҳо ҳамчун як сохтори мураккаби ҳуқуқӣ дар якҷоягӣ бо шартномаи меҳнатӣ, боиси пайдоиши муносибатҳои меҳнатӣ мегарданд, мисол қоидаҳои аз ҳисоби квотаи муқарраршуда ба кор фиристодан (масалан, барои маъюбон) ва мутаносибан шартномаи меҳнатии басташуда. Инчунин, қарори суд дар бораи бастани шартномаи меҳнатӣ ва ба кор қабул кардани шахсе, ки ба суд муроҷиат кардааст ва худи шартномаи меҳнатӣ, ки тибқи қарори зикршуда баста шудааст, асоси пайдоиши муносибатҳои меҳнатӣ мебошад.

Одатан, санадҳои ҳуқуқие, ки барои тағйири муносибатҳои меҳнатӣ асос мешаванд, санадҳои дуҷониба мебошанд. Тағйир додани шартҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ки тарафҳо муайян кардаанд, аз ҷумла гузаронидан ба кори дигар танҳо бо розигии хаттии корманд иҷозат дода мешавад.

пешина
аз 496
навбатӣ