Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
ба меҳнат ҳангоми бақайдгирии шартнома ё созишномаи коллективӣ шароити муайянкунандаи вазъи кормандонро дар муқоиса бо қонунҳои меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян кунад, он ба намояндагони тарафҳои шартномаи коллективӣ, созишнома хабар медиҳад ва инчунин маълумот ирсол менамояд. Назорати иҷрои шартномаи коллективӣ, созишномаро тарафҳои шарикии иҷтимоӣ, намояндагони онҳо, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба меҳнат ба амал мебароранд. Дар ҷараёни назорати зикршуда намояндагони тарафҳо вазифадоранд ба якдигар ва инчунин ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба меҳнат маълумоти зарурӣ диҳанд.
САВОЛҲОИ САНҶИШӢ
1.Мафҳуми шарикии иҷтимоиро шарҳ диҳед.
2.Тоҷикистон кадом санадҳои байналмилалиро дар самти шарикии иҷтимоӣ тасдиқ намудааст?
3. Принсипҳо, сатҳ ва шаклҳои шарикии иҷтимоиро тавсиф намоед.
4.Намояндагии манфиатҳои кормандро шарҳ диҳед.
5.Намояндагии манфиатҳои корфарморо шарҳ диҳед.
6.Тартиби ташкил ва вазифаҳои мақоми шарикии иҷтимоиро шарҳ диҳед.
7.Музокироти коллективӣ ва танзими баҳсҳо чигуна аст?
8.Шартномаи коллективӣ чист?
9. Намуд ва тартиби бастани созишномаҳоро шарҳ диҳед.
10. Музокироти коллективӣ чист?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё