Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  • шахсони то синни 18-сола, ки бо сабаби вафоти волидонашон ва ё дигар ҳолатҳо сарпарастии оиларо ба
    ӯҳда доранд;

  • шаҳрвандоне, ки барои аз рӯи синну сол ба нафақа
    баромаданашон ду сол боқӣ мондааст;

  • шаҳрвандони то синни 18-сола ва ҷавононе, ки баъди хатми муассисаҳои таълимӣ тибқи роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба кор фиристода шудаанд.

Бо ҷои кор таъмин шудани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ ба тариқи квота дар асоси роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ва муроҷиати бевоситаи онҳо ба ташкилотҳо, корхонаву муассисаҳо амалӣ мегардад.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" маъюбон барои касбомӯзӣ ва бокортаъминшавӣ дар бозори меҳнат ҳуқуқи афзалиятнок доранд. Барои бо ҷои кор таъмин намудани маъюбон дар ташкилотҳо квотаҳо муқаррар карда мешаванд, ки маъюбони корҷӯй дар ин ҷойҳои кории бандшуда бо кор таъмин мегарданд. Ҷойҳои корӣ барои маъюбон бояд танҳо бо мувофиқаи мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ барҳам дода шаванд.

Дар қонунгузории амалкунанда барои
бокортаъминсозии маъюбон имтиёзҳои андозӣ низ
муқаррар шудаанд. Мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии
Тоҷикистон корхонаҳое, ки (ба истиснои корхонаҳое, ки
ба фаъолияти савдо, миёнаравӣ, таъминотӣ - фурӯш ва
захиракунӣ машғуланд) дар онҳо дар як вақт дар соли
ҳисоботии андоз на камтар аз 50 фоизи шумораи
кормандонро маъюбон ташкил медиҳанд, аз андоз аз
фоида озод мебошанд. Инчунин, аз заминҳои

пешина
аз 496
навбатӣ