Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
Дар мавридҳои зерин андозаи кӯмакпулӣ барои бекорӣ мумкин аст дар ҳаҷми 25 фоиз ба муҳлати то як моҳ кам карда шавад:
-
бе сабаби узрнок ҳозир нашудан барои гуфтушунид бо корфармо дар бораи ба кор таъмин шудан дар муҳлати 2 ҳафта аз рӯзи бо роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ фиристода (даъват) шуданд;
-
бе сабаби узрнок барои гирифтани роҳхат ба кор (ба хондан) ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ҳозир нашудан.
Дар давраи тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси шаҳрвандони бекор дар асоси роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар давоми шаш моҳ дар ҳаҷми як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳар моҳ стипендия пардохт карда мешавад.
САВОЛҲОИ САНҶИШӢ
-
Мафҳуми шуғлро шарҳ диҳед.
-
Шаклҳои шуғл ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар соҳаи шуғлро тавсиф намоед.
-
Асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии бокортаъминсозии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавсиф намоед.
-
Вазъи ҳуқуқии бекоронро тавсиф намоед.
-
Дастгирии иҷтимоии шаҳрвандони бекорро тавсиф намоед.
-
Намудҳои шуғлро тавсиф намоед.
-
Дар кадом ҳолатҳо шаҳрванд бекор ҳисобида мешавад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё