Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
нашъадор ва дигар моддаҳои мадҳушкунанда ба вуҷуд
омада, бо ҳуҷҷатҳои дахлдор собит гаштааст;
-
ба кори муваққатӣ ё ба кори рӯзи ҳафтаи (кориаш)
кӯтоҳ бе огоҳкунии мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ
машғул шудани шахси бекор; -
аз ҷониби шахси бекор вайрон кардани шартҳои бақайдгирӣ ва аз навбақайдгирӣ ҳамчун шахси бекор.
Боздоштани пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ аз рӯзи ояндаи баъди маротибаи охирин барои аз нав бақайдгирӣ омадани шахси бекор амалӣ мегардад.
Давраи боздошта шудани пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ ба давраи умумии додани кӯмакпулӣ барои бекорӣ ҳисоб карда шуда, ба собиқаи умумии меҳнатӣ дохил карда намешавад.
Кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар давраҳои зерин дода намешавад:
-
дар давоми корношоямии муваққатӣ, ки аз вақти
муқаррарнамудаи пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ зиёд
давом ёбад; -
аз ҷои истиқомати доимӣ баромада рафтани шахси
бекор бо сабаби таҳсил дар муассисаҳои таълимии касбии
рӯзона; -
даъвати шахси бекор ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ, ҷалб намудан ба чорабиниҳои бо хизмати ҳарбӣ ва иҷрои вазифаҳои давлатӣ вобастабуда. Бояд қайд намуд, ки давраҳои зикршуда ба давраи умумии пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ дохил намешавад ва онро дароз менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё