Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
ба кори дигар, асосҳо ва тартиби бекор кардани шартномаи меҳнатӣ ва ғайраро муайян мекунад.
Боби 3 КМ ҶТ (моддаҳои 20 -56) ба шартномаи меҳнатӣ бахшида шудааст. Ҳамзамон мазмуну муҳтавои шартномаи меҳнатӣ дар дигар меъёрҳои КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос меёбанд, ки аз аҳамияти муҳими он шаҳодат медиҳад.
Таърифи ҳуқуқии мафҳуми шартномаи меҳнатӣ дар моддаи 1 КМ ҶТ оварда шудааст. Тибқи моддаи 1 шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ин созиши байни корфармо ва корманд, ки тибқи он корманд ӯҳдадор аст корҳоро аз рӯи як касб, якчанд касби муайян, ихтисос ё вазифа (мансаб) бо дараҷаҳои дахлдор, бо риояи қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ иҷро намояд, корфармо бошад, ӯҳдадор аст барои ҳамин кор ба корманд пурра ва сари вақт музди меҳнат диҳад ва шароити меҳнатеро, ки Кодекси меҳнат, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои тарафҳо муайян намудаанд, таъмин кунад.
Тарафҳои шартномаи меҳнатӣ корманд ва корфармо мебошанд (моддаи 21 КМ ҶТ).
Ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ, тарафҳои он ба мувофиқа мерасанд, ки корманд шахсан кадом вазифаи меҳнатиро иҷро мекунад. Иҷрои вазифаи шахсии меҳнатӣ ва тобеи корманд ба қоидаҳои дохилии меҳнат нишонаҳои алоҳидаи шартномаи меҳнатӣ, инчунин фарқиятҳои дигари ин шартнома мебошанд, ки моҳияти ҳуқуқии меҳнатии онро нишон медиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё