Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
гирифтааст, уҳдадор аст дар муҳлати 3 рӯзи корӣ дар хусуси қарори қабулнамудааш ба таври хаттӣ тарафи дигарро хабардор намояд. Рӯзи қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ бо созиши тарафҳо бо розигии корманд ва корфармо муайян карда мешавад. Бо мувофиқа бо корманд дар шартномаи меҳнатӣ ҳуқуқи корфармо барои қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бе огоҳии пешакии корманд бо пардохти ҷубронпулӣ ба андозаи на камтар аз музди миёнаи меҳнати солонаи корманд пешбинӣ шуда метавонад.
Корманд ҳуқуқ дорад ду ҳафта пештар корфарморо ба таври хаттӣ огоҳ намуда, шартномаи меҳнатиро, ки ба муҳлати номуайян баста шудааст, бекор кунад. Баъд аз гузаштани муҳлати огоҳӣ корманд ҳуқуқ дорад корро қатъ намояд, корфармо бошад, уҳдадор аст ба корманд дафтарчаи меҳнатиашро фавран супорида, бо ӯ ҳисобӣ кунад. Бо хоҳиши корманд ва розигии корфармо шартномаи меҳнатӣ то ба итмом расидани муҳлати огоҳӣ метавонад бекор карда шавад. Дар ҳолате ки аризаи корманд дар бораи бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо имконнопазирии давом додани кор вобаста аст, корфармо бояд шартномаи меҳнатиро дар муҳлати хоҳишкардаи корманд бекор кунад. Дар давоми муҳлати огоҳӣ корманд ҳуқуқ дорад аризаи худро дар бораи бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бозпас гирад, агар ба ҷойи кори ӯ ба таври гузаронидан, корманди дигар даъват нашуда бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё