Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
Асосҳои бекор кардани шартномаи меҳнатиро бо ташаббуси корфармо, ки КМ ҶТ (моддаи 42) муқаррар намудааст, баррасӣ менамоем:
- Барҳам хӯрдани ташкилот ё қатъ гардидани фаъолияти корфармо - шахси воқеӣ ва ё ихтисор шудани шумора ё воҳиди кории кормандон. Дар ин маврид барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ (ташкилот) барои бекор кардани шартномаи меҳнатӣ танҳо баъд аз ворид намудани сабти дахлдор дар хусуси барҳам хӯрдани ташкилот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барҳамдодашуда, асос мегардад (қисми 8 моддаи 64 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Ихтисор шудани шумора ё воҳиди кории кормандон бошад метавонад тағйироти сохторие бошад, ки боиси ихтисор шудан шумора ё воҳиди кории кормандони корфармо мегардад. Чунин қарор тибқи тартиби муқаррашуда бояд аз ҷониби корфармо ва ё мақоми болоии он қабул шуда бошад. Дар ин маврид корфармо бояд пешакӣ ба корманд дар ҳамон ташкилот дигар кор пешниҳод намояд ва дар хусуси бо ин асосҳо бекор намудани шартномаи меҳнатӣ, кормандро бо гузоштани имзо ду моҳ қабл огоҳ намояд. Ҳамчунин, корфармо вазифадор аст, ки бо ин сабабҳо бекор намудани шартномаи меҳнатиро бо кумитаи иттифоқи касаба ё дигар намояндагони кормандон мувофиқа кунад.
- Қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бинобар иваз шудани соҳибмулк, ҳангоми ошкор гардидани номувофиқатии корманд ба вазифаи (мансаби)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё