Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ва корпартоии оғозшударо барои ҳамин давра боздорад. Дар моддаи 326 КМ ҶТ масъулияти кормандонро барои корпартоиҳои ғайриқонунӣ пешбинӣ мекунад. Ташкили корпартой, ки суд онро ғайриқонунӣ донистааст ё худ иштирок дар он ҳамчун вайрон кардани интизоми меҳнат эътироф гардида, боиси татбиқи чораҳои ҷазои интизомӣ, аз ҷумла аз кор озод кардани корманд мегардад.

  1. Қатъ гардидани иҷозати корманд ба сирри давлатӣ дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тартиби қатъи иҷозат ба сирри давлатӣ дар моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 июли соли 2014, №681 "Дар бораи сирри давлатӣ" пешбинӣ гардидааст. Дар ин маврид барои бекор намудани шартномаи меҳнатӣ бо корманд дархост ё қарори мақомоти ваколатдори ҳифзи сирри давлатӣ асос шуда метавонад.

  2. Аз тарафи роҳбари мақомоти иҷроияи корфармо, муовини ӯ ва ё роҳбари сохтори корфармо вайрон намудани уҳдадориҳои меҳнатӣ, ки боиси расонидани зарари моддӣ ба корфармо гардидааст. Асоси мазкур ба роҳбари ташкилот, муовини ӯ, роҳбарони воҳидҳои сохтории ташкилот дахл дорад, ки амалҳои онҳо боиси осеб ба молу мулк, истифодаи ғайриқонунӣ ё расонидани дигар зарар ба молу мулки ташкилот шудаанд. Бо ин асос бекор намудани шартномаи меҳнатӣ ҳамчун муҷозоти интизомӣ ба ҳисоб рафта, корфармо бояд тартиб ва муҳлати татбиқи муҷозоти интизомӣ, ки дар КМ ҶТ муайян шудааст, риоя намояд.

пешина
аз 496
навбатӣ