Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хонданқонун ҳифзшаванда, бинобар иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ ба ӯ маълум гардидааст, фош накунад. Тартиби дастрасӣ ва иҷозат ба маълумоти дорои сирри давлатиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 июли соли 2014, №681 “Дар бораи сирри давлатӣ” муайян намудааст.
- Қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ бо шахсе, ки дар ду ё якчанд ҷой коркунанда бинобар қабули шахсе, ки дар ду ё якчанд ҷой кор намекунад, инчунин вобаста ба маҳдуд гардонидани кор дар якчанд ҷой, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Инҷо сухан дар бораи бекор кардани шартномаи меҳнатие меравад, ки тибқи он корманд бо тариқи дуҷоякорӣ бо вақти кории нопурра фаъолияти меҳнатӣ дошта, кор дар корфармои мазкур ҷои кори асосиаш нест. Чунин ҳолатҳо ба хусусияти истеҳсолии ташкилот вобаста буда, корфармо метавонад дар сурати зарурат ба ҷои корманди дуҷоякор корманди асосиро қабул намояд. Дар ин мавриди корфармо ҳуқуқ дорад шартномаи меҳнатиро бо дуҷоякор бекор кунад. Инчунин, қонунгузорӣ дар баъзе соҳаҳо фаъолияти меҳнатии кормандонро дар ду ё якчанд ҷой манъ намудааст. Мисол, тибқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” ба кори дигари музднок машғул шудани шахси ба иҷрои вазифаҳои мансаби давлатӣ ваколатдор ва мансаби ба он баробаркардашуда, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ, манъ шудааст. Чунин маҳдудиятҳо ба дигар гурӯҳи алоҳидаи кормандон низ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар шудаанд, ки дар сурати ҷой доштани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё