Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
-дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Давраҳои фаъолияти меҳнатӣ, ки ҳамчун собиқаи хизмати давлатӣ ҳисоб карда мешаванд, сарфи назар аз муҳлати қатъ шуданашон бо солҳо, моҳҳо ва рӯзҳо ҳисоб карда мешавад. Ҳуҷҷатҳои асосии фаъолияти меҳнатии хизматчии давлатӣ, ки собиқаи хизмати давлатиро тасдиқ мекунанд, дафтарчаи меҳнатӣ ва ҳуҷҷатҳои парвандаи шахсии хизматчии давлатӣ мебошанд. Дар сурати набудани сабти зарурӣ ё нодуруст ва ғалат будани сабти давраҳои корӣ, собиқаи меҳнатӣ аз рӯи маълумотномаҳо, нусхаи қарорҳо (фармонҳо, амрҳо ва дигар санадҳои мақомоти дахлдори давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо) дар бораи ба мансаби давлатии хизмати давлатӣ таъйин ва озод кардани шаҳрванд, ҳисобҳои шахсӣ, ведомостҳои пардохти музди меҳнат ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки ба таври расмӣ фаъолияти меҳнатиро исбот мекунанд, тасдиқ карда мешавад. Собиқаи хизмати давлатӣ аз тарафи Комиссияи мақомоти давлатӣ оид ба ҳисоб намудани собиқаи хизмати давлатӣ муайян карда мешавад. Комиссия аз тарафи роҳбари мақомоти давлатӣ дар ҳайати на камтар аз 3 нафар ташкил карда мешавад. Комиссия аз рӯи зарурат ҷаласа мегузаронад ва оид ба натиҷаи ҳисоб намудани собиқаи хизмати давлатӣ протокол тартиб медиҳад. Протокол тавассути фармони (амри) роҳбари мақомоти давлатӣ тасдиқ гардида, нусхаи фармон (амр) ва протокол дар муҳосибот, хадамоти кадрӣ ва парвандаи шахсӣ нигоҳ дошта мешаванд. Баҳсҳои вобаста бо муайян намудани собиқаи хизмати давлатӣ аз тарафи мақоми болоӣ, мақоми вақолатдори

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё