Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан
  • барои ҳар як ҳуқуқвайронкунии интизомӣ танҳо як ҷазои интизомӣ татбиқ карда мешавад;

  • қабл аз татбиқи ҷазои интизомӣ корфармо бояд аз корманд баёноти хаттӣ талаб намояд. Агар корманд пас аз хатми ду рӯзи корӣ баёноти хаттӣ пешниҳод накунад, пас дар ин бора бояд санади дахлдор тартиб дода шавад. Пешниҳод накардани баёнот аз ҷониби корманд барои татбиқи ҷазои интизомӣ монеа шуда наметавонад;

  • ҷазои интизомӣ ба корманд на дертар аз як моҳ аз рӯзи ошкор шудани кирдори интизомӣ, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 5 моддаи 63 КМ ҶТ, инчунин дигар ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, дода мешавад. Ба чунин ҳолатҳо давраи муваққатан корношоям будани корманд, ҳангоми озод будани корманд аз кор дар вақти иҷрои уҳдадориҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми дар рухсатӣ ё истироҳати байнивақтаӯӣ қарор доштани корманд ва ҳангоми дар сафари хизматӣ будани корманд, марбутанд. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси меҳнат, ҷазои интизомӣ на дертар аз як моҳ аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судӣ дар бораи ғайриқонунӣ эътироф кардани корпартой дода мешавад. Ҳамчунин, ба ин муҳлат давраи бо Кумитаи иттифоқи касаба ё дигар намояндагони кормандон мувофиқа намудани бекорсозии шартномаи меҳнатӣ аз рӯи асосҳои моддаи 42 КМ ҶТ бо ташаббуси корфармо, дохил намегардад.

  • ҷазои интизомӣ наметавонад баъд аз ду моҳи пас аз санаи содир шудани он татбиқ шавад ва аз рӯи натиҷаҳои

пешина
аз 496
навбатӣ