Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои бевосита бо онҳо алоқамандандро нишон медиҳад ва ҳамзамон хусусиятҳои умумиеро, ки ба метод хосанд, тавсиф менамояд. Аз тарафи дигар, он хусусиятҳои предметро инъикос менамояд ва онро баҳогузорӣ мекунад.

1.4. Низоми ҳуқуқии меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳуқуқи меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар соҳаҳои мустақили ҳуқуқ, ҳамчун як гурӯҳи алоҳидаи меъёрҳои ҳуқуқие дониста мешавад, ки бо умумияти танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ муттаҳид шудаанд.

Низоми соҳаи ҳуқуқи меҳнат аз низоми қонунгузории меҳнат фарқ дошта, якумӣ ҳамчун соҳа (аз рӯи мундариҷа - сохтори дохилии ҳуқуқи меҳнат) аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқии ягонаи мувофиқашуда иборат буда, дуввумӣ бошад, ҳамчун шакли берунии ҳуқуқи меҳнат (маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дорои меъёрҳои ҳуқуқи меҳнат мебошанд) амал мекунад. Ҳамзамон ин маҷмӯаи ягонаи том ба сохторҳои мустақил (институтҳои ҳуқуқӣ) ҷудо мешавад.

Аҳамияти институтҳо дар сохтори соҳаи ҳуқуқ бо назардошти хусусиятҳои муносибатҳои ҷамъиятии танзимшаванда ва тамоили рушди онҳо муайян карда мешавад. Ин маънои онро дорад, ки барои гурӯҳбандии меъёрҳои ҳуқуқии соҳа маҳз хусусияти предмети асос мебошад. Низоми қонунгузории меҳнат дар КМ ҶТ, ки бо назардошти низоми соҳаи ҳуқуқи меҳнат сохта шудааст, пурра ифода ёфтааст.

пешина
аз 496
навбатӣ