Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
Чун қоида соҳаи ҳуқуқи меҳнат низ ба қисмҳои умумӣ ва махсус ҷудо карда мешавад. Қисми умумии ҳуқуқи меҳнат як гурӯҳи меъёрҳоеро (институтҳо) дар бар мегирад, ки ба танзими ҳуқуқии меҳнати ҳамаи кормандон марбутанд. Ба он меъёрҳое дохил мешаванд, ки мавзӯъ, мақсад ва вазифаҳои ҳуқуқи меҳнат, вазъи ҳуқуқии корманд ва корфармо, сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнат, муносибатҳои меҳнатӣ ва ғайраро муайян менамоянд.
Қисми махсуси ҳуқуқи меҳнат институтҳои ҳуқуқиро дар бар мегирад, ки ҷузҳои алоҳидаи мундариҷаи муносибатҳои меҳнатӣ ё намудҳои муайяни муносибатҳои алоқаманд ба муносибатҳои меҳнатиро танзим мекунанд. Мисол, институтҳои ҳуқуқӣ ба монанди шартномаи меҳнатӣ, вақти корӣ, вақти истироҳат, музди меҳнат, интизоми меҳнат ва ҷавобгарии интизомӣ, ҳифзи меҳнат, инчунин институтҳои танзимкунандаи муносибатҳои алоқаманд ба меҳнат: таълим ва таҳсили касбии иловагии кормандон, ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ ва ғайра.
1.5. Ҷойгоҳи ҳуқуқи меҳнат дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таносуби он бо дигар соҳаҳои ҳуқуқ
Ҳуқуқи Тоҷикистон низоми ягонаи меъёрҳои ҳуқуқие мебошад, ки муносибатҳои гуногуни ҷамъиятиро танзим мекунад. Аммо, ягонагии ҳуқуқ тақсимоти онро ба воҳидҳои сохторӣ, ки соҳаҳои ҳуқуқ номида мешаванд, истисно намекунад. Ҳуқуқи меҳнат соҳаи мураккаб буда,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё