Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
соатбай» пардохт карда мешавад. Дар шартномаҳои коллективӣ ва қоидаҳои дохилӣ пардохти музди меҳнати зиёдтар барои кор дар рӯзҳои ид пешбинӣ шуда метавонад.
Бо дархости корманде, ки дар рӯзи истироҳат ё рӯзи иди ғайрикорӣ кор кардааст, метавонад ба ӯ рӯзи дигари истироҳат дода шавад. Баъзе категорияҳои кормандон ба рӯзҳои истироҳати иловагӣ ҳуқуқ доранд, аммо чун қоида на барои барқарор кардани қувваи сарфшудаи корманд, балки мақсаднок ва ё барои ҷуброни ягон ҳолат, масалан барои нигоҳубини кӯдаконаи маъюб.
11.3. Намудҳои рухсатиҳо ва тартиби истифодаи онҳо
КМ ҶТ намудҳои зерини рухсатиҳоро пешбинӣ намудааст (моддаи 90):
- рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда;
- рухсатиҳои иҷтимоӣ;
- рухсатии бемузди меҳнат;
- рухсатии муваққатии бемузд ё қисман музднок;
- дигар намуди рухсатиҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Кормандон ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар КМ ҶТ пешбинишуда ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва рухсатии иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд. Иваз кардани рухсатии меҳнатӣ ба ҷуброни пулӣ мумкин нест, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки корманди аз кор озодшаванда рухсатиашро истифода набурда бошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо